Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон , узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Нуриддин Саид ҷиҳати оммавигардонии хониш миёни наврасону ҷавонон ба Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин ташриф оварда ба хазинаи нусхаҳои ҳатмӣ ва дастхатҳо панҷ китоби тозанашру арзишманд: «Риёз-уш- шуаро»-и Муҳаммадалӣ Волаи Доғистонӣ, (ҷилдҳои 1,2,3), «Маҷолис–ун нафоис»-и Алишери Навоӣ, «Лубобу-л-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, «Калимот-уш-шуаро»-и Муҳаммадафзали Сархуш ва «Туҳфаи сомӣ»-и Соммирзои Сафавиро бо теъдоди 21-нусха тақдим намуд.
Китобҳои мазкур бо сарсухани Вазири маориф ва илм, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Нуриддин Саид аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор ёфта, дастраси аҳли илму адаби тоҷик ва хонандагони сершумори фарҳангдӯст гардиданд. Дар ин бора Директори Китобхона Т. Юсупова иттилоъ дод.