Муҳтарам табибон!
Ҳамватанони азиз!
Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои меҳварии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таҳти таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Вохӯрии Пешвои муаззами миллат бо кормандони соҳаи тиб дар арафаи истиқбол аз Рӯзи кормандони соҳа нишонаи олии таваҷҷуҳ ва ѓамхориҳои Пешвои миллат нисбати рушди кори соҳа ва қадрдони намудани хизматҳои шоёни кормандони соҳаи тиб мебошад.
Боиси ифтихор ва сарфарозии миллати тоҷик аст, ки фарзандони барумандаш ба монанди Абуалӣ ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Исмоили Ҷузҷонӣ ва чанде дигарон барои ҳифзи саломатии аҳолӣ аз тамоми имконияту воситаҳо истифода намуда, дар ин ҷода заҳматҳои зиёд кашида, дар ҷаҳон маъруф ва миёни халқ маҳбубият пайдо кардаанд.
Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ҳазор сол муқаддам бо китоби беназиру арзишманди худ “Қонуни тиб” собит намуд, ки халқи фарҳангпарвари тоҷик дар соҳаи тиб низ метавонад мақоми ҷаҳонӣ касб намояд.
Бояд эътироф намоем, ки маҳз ба шарофати сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи мазкур бесобиқа пешрафт намуда, заминаи модию кадрӣ ва техникии муассисаҳои тиббӣ беҳтар гардонида шудаанд.
Ба хотири гиромидошт ва арҷгузории хизматҳои арзишманди Шайхураис Абӯалӣ ибни Сино ва талошҳои шабонарӯзии кормандони соҳаи тиб дар ҳифзи беҳдошти сиҳатии омма, ҳамасола 18 август ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб қайд карда мешавад, ки ин таваҷҷуҳ собитгари ғамхориҳои Президенти кишвар нисбати рушди кори соҳа мебошад.
Бояд гуфт, ки рисолати вориси Абӯалӣ ибни Сино будан танҳо бо доштани маълумоти тиббӣ ва пӯшидани хилъати сафед ба охир намерасад. Кору пайкор ва осори Шайхурраис гувоҳи он аст, ки ӯ танҳо бо ташхису табобати беморон қаноат накарда, ҳамчун шахсияти инсондӯсту ватанпарвар барои инъикос ва ҳимояи ғояву арзишҳои бузурги башарият саҳми беназир гузошта, осори гаронбаҳои илмию фалсафияш раҳнамову роҳкушои олимону табибон мебошад.
Соҳибистиқлолӣ ва суботи вазъи сиёсии кишвар имконият пеш овард, ки мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат бо дилҳои пур аз ормону умед, бо ҳисси ифтихор ва эҳсоси ватандӯстӣ, бо дарки рисолати бузурги бар душаш истода ба созандагию бунёдкорӣ, сохтмону азнавсозии муассисаҳои тиббӣ шурӯъ намояд.
Айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон шумораи муассисаҳои тиббї 1666 ададро ташкил дода, аз ин 1465 адади он дар деҳот ба аҳолї хизмати тиббї мерасонад. Шумораи умумии табибон бо маълумоти олї 3852 ва бо маълумоти миёнаи тиббї 18841 нафарро ташкил дода, усулҳои муосири ташхисию табобатиро дар муолиҷаи беморон роҳандозӣ намуда истодаанд.
Бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазорати тандурустӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди муассисаҳои соҳа бо маром идома дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷайҳун ва Данғараи вилояти Хатлон дар ифтитоҳи маркази ташхисию табобатии “Дурахшон” иштирок намуда, ҷиҳати дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар самти рушди тибби хусусӣ изҳори сипосу миннадторӣ баён намуд.
Бояд гуфт, ки ба истиқболи ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди 941 иншооти соҳа, аз ҷумла 26 беморхона, 48 маркази саломатӣ, 143 бунгоҳи тиббӣ, 14 таваллудхона, 122 дорухона ва 136 нуқтаҳои хатна ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар дигар иншооти ҷашнӣ бо маром идома дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар вилоят барои рушди тибби хусусї диққати ҷиддї дода шуда, дар сатҳи вилояти Хатлон шумораи муассисаҳои тиббии хусусӣ 110 адад, аз ҷумла Маркази тибби Хатлон, Маркази “Даво”, “Дурахш” ва “Акси Шифо” дар шаҳри Бохтар, инчунин 461 ҳуҷраҳои хусусї барои ба табобат фаро гирифтани беморон ташкил карда шудаанд, ки аз онҳо ҳуҷраҳои даҳонпизишкӣ 81 адад ва 50 адад ҳуҷраҳои ултрасадо бо истифода аз таҷҳизотҳои ҷадид ба мардум хизмати сифатноки тиббӣ мерасонанд.
Боиси тазаккур аст, ки дар вилоят созмон ёфтани марказҳои ташхисӣ ва муҷаҳҳаз гардидани онҳо бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ, мушкилоти аҳолиро дар самти хизматрасонии тиббӣ осон намуд.
Маблаѓгузории соҳа низ давра ба давра зиёд шуда, дар давоми 7 моҳи соли ҷорї барои пешрафтӣ кори соҳа 255 миллиону 33 ҳазору 300 сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо гардидааст ва дастгириҳо дар ин самт идома дорад.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар аксар давлатҳои ҷаҳон паҳншавии бемории каронавирус “COVID — 19” ба қайд гирифта, дар баъзеи онҳо ин марҳилаи дуюми бемории мазкур авҷ гирифта, рӯ ба афзоиш дорад.
Дар давраи пандемия табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати беморон қарор дошта, ҳатто ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти ҳамватанон тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд.
Кормандони соҳаи тиб дар вилоят дар ташвиқи усулҳои пешгирии ин бемории сироятӣ низ фаъолияти хуб нишон дода, тавассути телевизиону радио ва дар тамоми маҳалҳои зисти сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро сари вақт оғоз карданд ва варақаҳои тавсиявӣ чоп карда, миёни аҳолӣ паҳн намуда истодаанд.
Чунин корҳои ташвиқотӣ имкон доданд, ки шаҳрвандон аз оқибатҳои даҳшатбори ин беморӣ сари вақт огоҳӣ пайдо намоянд ва дар фикри ҳифзи саломатии худ бошанд.
Дар вилояти Хатлон соҳаи тиб рӯ ба пешравӣ дошта, муассисаҳои нави тиббӣ бо ворид намудани таҷҳизоти муосир дар ҳифзи саломатии мардум қарор доранд.
Итминони комил дорем, ки ҳар яки Шумо ҳамчун ворисони Сино кору пайкори ин шахсияти барҷастаи тибби ҷаҳониро идома дода, бо дарки масъулияти баланди касбӣ, инсондӯстию ватанпарастӣ, барои ҳарчи беҳтар гардидани тансиҳатию некуаҳолии мардум саҳми арзандаи худро мегузоред.
Шумо кормандони соҳаи тандурустии вилоятро ба муносибати Иди касбиатон самимона табрик гуфта, ба Шумо тансиҳатӣ ва дар фаъолияти пуршарафу башардӯстонаатон барору комёбӣ орзумандам.
Идатон муборак, ворисони Синои бузург!