Ҳамдиёрони азиз!
Имсол барои тамоми мардуми Тоҷикистон, ба хусус вилояти Хатлон соли таърихист, зеро мо Рӯзи Парчами давлатиро дар ҳошияи сисолагии Иҷлосияи барои миллати мо сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мекунем.
Ба ин муносибат ҳамаи шуморо ба ифтихори санаи муҳимми таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрику таҳният мегӯям ва орзумандам, ки парчами давлатии Тоҷикистони маҳбубамон дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди кишварро ба сӯйи ояндаи боз ҳам осудаву обод роҳнамоӣ созад.
Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми таќдирсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид. Яъне имрӯз ин рӯйдоди муҳимми миллии мо низ сисола мешавад.
Дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, бахусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ таърихи парчамдории ниёгони мо басо ҷолибу ҷаззоб зикр ёфта, доир ба «Дирафши Ковиён» маълумот оварда шудааст. Аз матни «Шоҳнома» бармеояд, ки ҳар як паҳлавони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро доштааст. «Дирафши Ковиён» солҳои зиёд рамзи ифтихори давлатҳои қадимаи ориёӣ — Ҳахоманишиҳо, Ашкониён ва Сосониён будааст. Яъне дирафш аз замонҳои қадим нишона ва рамзи муқаддас шинохта шуда, ба хотири ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷонсупориҳо карданд.
Миллати тољик тўли таърих миллати парчамдор буд.
Дар воќеъ, то замони бавуљудоии парчам дар шакли имрўзааш, ливо њамчун рамз ё нишони давлат ба мутањиддї ва мубориза истифода мешуд.
Давлатҳои минбаъдаи ниёгони мо, ки дар сарзамини паҳновари Хуросон ва Мовароуннаҳр таъсис ёфта буданд, дар пайравӣ ба фарҳанги парчамдории ниёгон, ки албатта, решаҳои он ба умқи таърих мераванд, парчами хоси худро доштанд.
Хусусан даврони муосир дар таърихи парчамдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи нав ба ҳисоб рафта, барои шинохти арзишҳои фарҳанги миллӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш зимни суханрониашон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ таъкид намуданд, қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар дигар иқдоми муҳимми иҷлосияи таърихӣ буд.
Дар он Иҷлосияи тақдирсоз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давомдиҳандаи мероси ҳазорсолаҳои тоҷикон, дар назди омма ба рамзи садоқату вафодорӣ, парчами ба тозагӣ офаридаи давлати навини тоҷиконро бӯсида буданд. Ин садоқати Пешвои миллат ба муқаддасоти миллӣ воқеан ҳам барои насли имрӯзу ояндаи кишвар дарси мардонагию меҳанпарастиро омӯхт.
Тавре болотар ишора кардем, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон беш аз як сол рамзҳои инъикоскунандаи соҳибихтиёрии худро надошт. Бинобар ин, Пешвои миллат рӯзи қабули Парчами давлатӣ, яъне 24-уми ноябрро ҷашни умумимиллӣ эълон карданд, ки ҳар сол аз ҷониби мардуми Тоҷикистон бо ифтихори бузург таҷлил мегардад.
Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки имрӯз дар қатори дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ зери парафшонии Парчами давлатӣ дар кишвари мо даҳҳо иншооти бузурги аср, садҳову ҳазорҳо иншооти муҳимми истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардиданд, ки ҳамаи онҳо самараи заҳмати ватандӯстонаи сокинони мамлакат буда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, таҳкими иқтидори давлат ва ба таври бесобиқа ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон мусоидат намуданд.
Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳансолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст.
Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ, аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб ёфта, таърихи ба даст овардани он ба фаъолияти мондагори Пешвои муаззами миллатамон пайванди абадӣ дорад. Бинобар ин, мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдодони худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои муқаддас сарҷамъ бошем.
Дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад. Бинобар ин, дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: “Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст”.
Мояи ифтихору сарфарозии тамоми мардуми вилояти Хатлон аст, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30 ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Левакант, Данғара, Кӯшониён, Вахш, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритус, Хуросон, Темурмалик, Балҷувон, Дӯстӣ, Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Қубодиён, Панҷ, дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои Данғара ва Восеъ, худи имсол дар низ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гулгаштҳои муосир ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки воқеан ҳам ифтихори миллӣ ва ифодакунандаи соҳибистиқлолию озодӣ, нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдату сарҷамъӣ, ҳувияти миллӣ ба ҳисоб рафта, ин иқдом дар самти бедор кардани њисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносї ва эҳтиром нисбат ба муќаддасоти миллї заминаи воқеӣ мегузорад.
Ҷилваи Парчам дар ҳар гӯшаи диёр баёнгари мустақилият ва рушду пешрафти давлат буда, қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ қарзи фарзандии ҳар як фарди бедордил мебошад.
Парчами миллии мо ба мо на фақат шукӯҳу сарбаландӣ мебахшад, балки эҳсоси ватандориву ватанпарварӣ ва ягонагиву ҳамдигарфаҳмиро дар вуҷуди мо бедор ва поянда медорад, муҳаббати ватанро дар сириштамон фурӯзон месозад.
Бигузор, Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар қалби ҳар як сокини вилоят ва ҷумҳурӣ муҳаббат ба Ватану миллатро афзунтар созад ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон ҷилвагарӣ намояд.
Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!