Хонандагону донишҷӯёни азиз, устодони арҷманд,

падару модарон ва ҳамватанони гиромиқадр!

Соҳаҳои илму маориф дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа, дар рушду нумӯи мамлакат ва таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ дорад.

Ҳамагон хуб медонем, ки сокинони шарафманди вилояти Хатлон, аз ҷумла аҳли илму маорифи вилояти Хатлон, дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа бо рӯҳияи созандагӣ ва ободкорӣ дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаю маърифатпарваронаи роҳбарияти олии кишвар баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, бо ҷаҳду талоши қавӣ,  ғайратмандона кору зиндагӣ ва таҳсил доранд.                     

       Лозим ба ёдоварист, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, инчунин дар ҷаласаҳои корӣ, вохӯрию мулоқотҳо ва зимни сафарҳояшон ба манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, баҳри рушди босуботи соҳаҳои илму маориф, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, сатҳу сифати таълим ва савияи донишу маърифатнокии шогирдон, ҳамзамон дар рушди неруи инсонӣ ва тараққиёти давлат нақши калидӣ ва саҳми калон доштани кормандони соҳаро борҳо таъкид намуда, ҳамзамон дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки роҳбарону кормандони соҳаи маориф “… сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот  баланд бардоранд.

назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ,  дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”.

       Вобаста ба ин, Сарвари мамлакат пешниҳод намуданд, ки “… барои  тавсеаи  тафаккури  техникии  насли  наврас  солҳои  2020-2040  “Бистсолаи

омӯзиш ва рушди  фанҳои  табиатшиносӣ,  дақиқ  ва  риёзӣ  дар соҳаи илму маориф”  эълон   карда   шаванд”,   ки   баъдан   барои татбиқи ин иқдом бо

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 ба тасвиб расида, алҳол мавриди амал қарор гирифтааст.

       Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри иҷрои самарабахши ин дастуру супориш ва ҳидоятҳои сарнавиштсоз, ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои илму маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои  ҳадафмандро пайваста роҳандозӣ намуда истодааст.

Аз ҷумла, дар мадди аввал ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ гардидани беҳтарин кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли илму зиё дар вилоят, дар баробари квотаю стипендияҳои президентӣ ва бурсияҳои таҳсил барои илму касбомӯзии наврасону ҷавонони лаёқатманд, дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таъсису роҳандозӣ гардидани Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф, мукофотҳои ҳавасмандсозӣ ва стипендияҳои номии раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони ватанию маҳаллӣ ба олимону устодон, омӯзгорони варзида ва хонандагони аълохону эҷодкори муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот, инчунин зери сарпарастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ роҳандозӣ гардидани озмунҳои навтаъсиси соҳавии сатҳи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ феҳрасти нопурраи тадбирҳои болозикр мебошанд, ки ин аз таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба рушди ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дарак медиҳад.

Боиси хушнудист, ки соли равон дар радифи дигар дастовардҳои соҳа  муассисаҳои таълимиро бо медали тилло ва аттестати аълои равиявӣ  дар сатҳи вилоят 6 нафар сарбаландона хатм намуданд.

Бояд зикр кард, ки дар ин давра баҳри мустаҳкамкунии заминаҳои моддӣ-таълимӣ ва техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ дар доираи амалигардонии барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, алалхусус Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда, ба ҳолати имрӯза   249 иншоотҳои соҳаи маориф, аз ҷумла 37 адад муассисаи томактабӣ ва 212 адад мактаби нав, бинои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохтмон ва таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд. Алҳол корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ, таъмирӣ ва бунёду азнавсозӣ дар зиёда аз 300 адад иншоотҳои соҳа, бомаром ҷараён доранд.

Мавриди қайд аст, ки соли нави таҳсили 2020-2021 дар вилоят наздик ба 50 адад муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, беш аз 1350 адад муассисаҳои  таҳсилоти  умумӣ  ва  зиёда  аз 950 адад муассисаҳои томактабию марказҳои инкишофи кӯдак, мутаносибан наздик ба 770 ҳазор нафар хонанда, 80 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагони касбомӯз ва 38 ҳазор кӯдакони синни томактабиро   ба  таълиму  тарбия  ва  омодагии   касбӣ   фаро  мегиранд,  ки  ба  онҳо  беш  аз   50  ҳазор олимону устодон, омӯзгорон, мураббиён ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ дарс хоҳанд гуфт.

Аз ин лиҳоз, мо бо камоли боварӣ ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии устодону омӯзгорон, майлу рағбати ба дониш, илм ва касбомӯзӣ доштаи шогирдон, таваҷҷуҳу масъулиятшиносии падару модарон ва самимона ба мактабу маориф рӯ овардани ҳамдиёрон умед баста, саҳми назарраси Шуморо дар рушду нумӯи ин кишвари биҳиштосо, алалхусус  дастгирию ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва ҳадафҳои стратегии давлат, баргузорӣ ва амалисозии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва оммавию  маърифатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва деҳот,   пайваста дарку эҳсос ва қадршиносӣ  менамоем.

Ҳамзамон бо ин, таъкид менамоям, ки вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19), ки бо зиёну ташвишҳои зиёди иқтисодию иҷтимоии доштааш дар баробари дигар шаҳрвандон,       мусаллам аст, ки насли навраси имрӯза низ бо дур шудан аз дабистонҳо бештар зиёни маънавӣ мебинанд.

Бо дарназардошти ин, ба тамоми масъулини мақомотҳои дахлдори давлатӣ ва соҳавӣ, алалхусус кормандону алоқамандони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур дода мешавад, ки ба масъалаҳои безараргардонии муассисаҳои таълимӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоӣ диққати ҳамарӯза дода, ба хотири пешгирӣ аз сироятёбӣ корҳои тарғиби тарзи ҳаёти солимро тақвият бахшида, ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усулҳои сарироҳӣ, хона ба хона, синф ба синф, аз устод ба шогирд ва аз кӯдак ба кӯдакро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, дар ҳифзи саломатии худ ва атрофиён саҳмгузор бошанд.

Сокинони шарафманди вилоят, алалхусус кормандону шогирдон ва алоқамандони соҳаи маорифи вилоятро бо оғози соли нави таҳсили 2020-2021, Рӯзи донишу дарси сулҳ ва ҷашни фархундаи миллии дарпешистодаи             29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, саодату сарбаландӣ, навҷӯию эҷодкорӣ ва баҳри расидан ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, касбӣ ва омӯзгорӣ муваффақият таманно менамоям.

Соли нави таҳсил ва Рӯзи донишу дарси сулҳ муборак, ҳамдиёрони азиз!