Муҳтарам фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати 27-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби пешоҳангу пешсаф, ободгару бунёдкор – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландиву саодатмандӣ ва барои Тоҷикистони маҳбубамон ҳизби қудратманду пешрафти назаррси иқтисодию иҷтимоиро орзумандам.
Ба муносибати ин ҷашн имрӯзҳо дар сартосари вилоятамон, ташкилоту муассисаҳо ҳамоишҳои илмию оммавӣ баргузор гардида, нақшу мавқеи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушду такомули ҷомеа ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум мавриди баррасиву арзёбӣ қарор мегиранд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо тамоми шароити мусоиди кору фаъолият нишонаи таваҷҷуҳу ғамхории Роҳбари давлат ба аъзои ҳизб ва далели аҳамияти баланди сиёсию иҷтимоӣ доштани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар мамлакат мебошад.
Ҷойи шакку шубҳае нест, ки дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи татбиқи сиёсати оқилонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфт, ҳазорҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муассисаҳои замонавии таълимию тиббӣ, роҳу пулҳо, марказҳои хизматрасонии маишию фарҳангӣ бунёд, садҳо ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.
Сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми соли 2021 ба аксар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, далели таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ба рушду тараққиёти вилояти Хатлон мебошад, ки бояд мо ба ин дастовардҳо арҷ гузошта, барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори иқтисодию иҷтимоии вилоят саҳми босазои худро гузорем.
Тибқи маълумотҳои аз шаҳру ноҳияҳо воридшуда, ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди 7667 адад бинову иншоотҳо ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 декабри соли 2021, дар 8224 иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд, ки аз шумораи умумӣ 106,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина, 10630 ҷойи кори доимӣ ва 27362 ҷойи кории мавсимӣ ташкил шудааст.
Қобили зикр аст, ки асари ин сохтмонҳо бо саҳм ва ҳамкории доираҳои соҳибкорони вилоят, ки аксарияташон аъзо ва ҷонибдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳастанд, ба анҷом расидаанд. Ба ҳамаи соҳибкорони баору номуси вилоят, ки дар иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ саами бориз гузоштаанд, Ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон «Ободгари Ватан» дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Сокинони вилояти Хатлон бо фараҳмандию шукргузорӣ аз рушду пешрафт ва сиёсати бобарори фарзанди фарзонаи миллат, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намуда, барои боз ҳам таҳким бахшидани сулҳу ваҳдат, иттиҳоду ҳамбастагӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ бо ҳисси баланди ватандорӣ садоқатмандона заҳмат кашида, баҳри таъмини зиндагии шоиста саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аъзоён ва кормандони кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ доимо ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатиро талаб намуда, ҳамаи онҳоеро, ки дар бунёдкорӣ ва обод намудани як гӯшаи диёр саҳм мегузоранд, мунтазам қадрдонӣ менамоянд.
Имрӯз дар робита ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа, таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисоди мамлакати мо, дар назди аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳар як шаҳрванди баору номуси мамлакат вазифаи басо пурмасъулият истодааст, ки он аз саҳмгузорӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат аст.
Чуноне ки Сарвари мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таъкид медоранд, масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан, дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.
Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузорад.
Ҳамаи мо медонем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» қариб се даҳсолаи ахир садоқатмандона баҳри таъмини арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҳизб рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад.
Ҳамаи мо — фаъолон, аъзо ва пайравони ин ҳизби пешоҳанги ҷомеа дар амал татбиқ намудани ҳадафу вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаи пешазинтихоботии ҳизб барои то соли 2025 мебошад, ки ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян намудааст.
Ман бовар дорам, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо истифода аз таҷриба ва сабақҳои таърихӣ барномаҳо ва тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, бо роҳи суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул, тамоми қудрату неруи худро равона месозад.
Бо ҳамин нияти нек, бори дигар тамоми аъзо ва пайравони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии ҳизб шодбош гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, рӯзгори ободу осоишта ва барору комёбӣ таманно дорам.