Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола дар таърихи 15 май таҷлил карда мешавад, самимона шодбош гуфта, бароятон рӯзгори наку, хушбахтии оилавӣ ва саломатии бардавом орзумандам.
Оила як рукни муҳими ҷомеаи муосир буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Масъалаи дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои оила дар сиёсати иҷтимоии давлат мақоми махсус дошта, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ташаббусҳои назаррас татбиқ карда шуданд.
Таҳкими заминаҳои ташаккули оила ва дастгирии оилаҳо бо дарназардошти арзишҳои фарҳанги миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин самт корҳои муайяне анҷом дода шуданд, ки қарори раиси вилояти Хатлон аз 13 феврали соли 2016, №40 «Дар бораи Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон» яке аз чунин ташаббусҳост.
Қабули Барномаи мазкур бо дарназардошти нақши калидии оила дар таъмини суботу ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату якдилӣ дар ҷомеа, пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, таъсири манфии баъзе воситаҳои ахбори омма ба тарбияи дурусти фарзандон ҳуҷҷати муҳим дар самти тақвияти фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳад гашт. Таъмини амалишавии бечунучарои принсипи баробарҳуқуқии мардону занон дар муносибатҳои оилавӣ, ҳифзи оила ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоию фарҳангӣ, нигоҳдории анъанаҳои маънавию ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ, таҳкими заминаҳои иқтисодии оила, таъмини мустақилияти иқтисодии оила бо мақсади иҷрои вазифаҳои иҷтимоии он, ташаккули механизми дастгирии оилаҳо бо мақсади беҳтар намудани шароити зисти онҳо, такмили механизми таъминкунандаи танзими оила ва ҳифзи саломатии аъзои он, тақвияти ҳифзи солимии репродуктивӣ, мусоидат дар татбиқи имкониятҳои тарбиявӣ ва фарҳангии оила ва боло бурдани маърифати оиладорӣ, мусоидат дар таъминоти иҷтимоии оилаҳо, пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аз ҷумлаи ҳадафу мақсадҳои барномаи мазкур мебошад.
Тибқи маълумоти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, шумораи оилаҳо — хоҷагиҳои аҳолинишин ба 1 январи соли ҷорӣ дар вилоятамон 470 ҳазору 55 оиларо ташкил дода, ҳамасола тамоюли афзоиш дорад. Мавриди зикр аст, ки оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи неруи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва иттифоқии ҳар як оила вобаста аст.
Дар устувории оила нақши бонувону модарон басо муҳим аст. Модари соҳибмаърифат соҳиби саломатии хуб, фарзанду оилаи солим ва зиндагии шоиста буда метавонад. Зани солим тавлидгари насли солим аст ва солимии ҷомеа бойигарии давлату миллат ба ҳисоб меравад. Инчунин, дар ҷомеае, ки зан босавод бошад, он ҷомеа рӯ ба пешравӣ ва тараққиёт дорад. Зани босавод на танҳо оиларо устувор нигоҳ медорад, балки дар таъмини суботи ҷомеа нақши муҳим мебозад.
Агар шахс заминаи боэътимоди тарбияро дар оилаи худ гирифта бошад, ҳеҷ як андешаи ботил наметавонад ба тасмими ӯ дар интихоби роҳи дуруст таъсир расонад. Бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ дар шахс, ҳанӯз аз овони кӯдакӣ, дар оила аз поктинатию соҳибмаърифатии модар оғоз меёбад. Чунки модар тамоми ҷидду ҷаҳди худро барои фарзанд равона карда, дар тарбияи фарзандони хеш масъулияти ҳалкунанда дорад.
Нақши падару модар дар баробари тарбия, дар омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва дар маҷмӯъ камолоти маънавию ахлоқии фарзанд, барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад. Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки волидайн ва махсусан, модарони имрӯза фарзандони худро ба камол расонида, таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин, таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд.
Дӯстони гиромӣ!
Имрӯзҳо, ки дар тамоми ҷаҳон бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19) доман густурдааст, ҳамаи мову шуморо зарур аст, ки беш аз ҳарвақта ба саломатии худу аҳли оилаамон диққат диҳем. Ҷомеаи солим аз оилаи солим ибтидо мегирад. Аз ин рӯ, аз падару модарони азиз даъват менамоям, ки ба фарзандон маърифати тиббиро омӯзонида, муҳиммияти риояи қоидаҳои гигиенаи шахсиро фаҳмонанд, то аз овони кӯдакӣ ба ҳифзи саломатии худ аҳамият диҳанд.
Вазъи имрӯза мисли як имтиҳони сарҷамъию иттифоқ, ваҳдату ҳамдилӣ барои ҷомеаи мост ва итминони комил дорам, ки ҳар як оилаи тоҷик бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ дар амалишавии тавсияҳои табибон ва риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ баҳри ташаккули тарзи ҳаёти солим саҳм гузошта, дар якҷоягӣ бар муқобили ин вабои ҳамагир пирӯз хоҳем шуд.
Бо ҳамин нияти нек, бори дигар тамоми мардуми шарифи вилояти Хатлонро ба муносибати Рӯзи оила табрику муборакбод гуфта, саодати ҳамешагӣ ва файзу баракатро дар ҳар як хонадони тоҷик орзумандам.
Саломату сарфароз бошед, ҳамдиёрони азиз!