Муҳтарам кормандон ва собиқадорони мақомоти андоз,
Боиси ифтихору сарфарозист, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар партави роҳнамоию дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 4 май ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти андоз таҷлил мегардад.
Мақомоти андоз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, баҳри таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаст.
Набояд фаромӯш кард, ки фаъолияти меҳнатии ҳар кадоми шумо ба яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти мамлакат – ғанӣ гардонидани хазинаи давлат ва саҳм гузоштан ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварамон нигаронида шудааст. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар иҷрои вазифаи пурмасъулият, яъне ҷамъоварию пардохти андозҳо масъулияти баланд дарк карда шавад.
Андозҳо аз ҷумлаи омилҳое мебошад, ки барои қаноатманд намудани ниёзҳои иҷтимоӣ ва давлатдорӣ нақши бисёр муҳимро мебозанд. Зеро тавассути андозҳо давлат сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии худро муназзам месозад.
Бо ташаббус ва дастури бевоситаи Пешвои муаззами миллат бо мақсади такмили қонунгузории андоз ва кам намудани шумораи андозҳо Кодекси андоз дар таҳрири нав қабул карда шуд.
Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар таҳрири нав мавриди амал қарор дорад, бо забони нисбатан фаҳмо таҳия гардида, шумораи камтари андозҳоро дар бар мегирад. Ҳамчунин, дар он меъёри андозҳо пасттар карда шуд, ки ин ғамхорӣ дар ҳаққи андозсупорандагон аст.
Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав имкон дод, ки дар баробари таъмини даромади буҷет, инчунин иқтисодиёт рушд карда, ба истеҳсолоти ватанӣ техника ва технологияи ҳозиразамон ворид гардад. Дар ин замина корхонаҳои нав таъсис ёфта, ҳазорон ҷойхои иловагии корӣ пайдо шуданд. Иқтидори содиротии кишвар низ афзуд.
Бовар дорам, ки кормандони мақомоти андози ҳудуди вилоят нақшаҳои ба зиммаашон гузошташударо сарбаландона иҷро менамоянд ва дар таъмини нақшаҳои дарпешистода баҳри ғановати буҷаи кишвар, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзандаю муносиб мегузоранд.
Бо ҳамин нияти нек, Рузи кормандони мақомоти андозро ба тамоми кормандон, аз ҷумла собиқадорони соҳа самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломатию сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ баҳри рушду шукуфоии Ватани азизамон комёбиҳои беназир орзу менамоям.
Рузи кормандони мақомоти андоз муборак.