Фарзандони азиз,
ҳамдиёрони гиромӣ!
Боиси сарфарозист, ки имрӯз кӯдакону наврасони мо зери осмони соф, сулҳи комил дар кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбия гирифта, барои ҳамчун шахсони сазовори оянда ба камол расидани онҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ғамхорӣ ба кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои солиму бардам ба воя расида, соҳиби илму маърифат ва фарҳанги баланд гаштани кӯдакон мебошад.
Маҳз натиҷаи кӯшишҳои Роҳбари давлат аст, ки дар ҷумҳуриамон ҳуқуқи кӯдак зери ҳимояи давлат буда, барои риояи ҳатмӣ ва бечунучарои «Эъломияи ҳуқуқи кӯдак» дар мамлакат пайваста тадбирҳо амалӣ мегарданд ва меъёрҳои ин ҳуҷҷат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ қарор дорад. Аз ин ҷост, ки Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн таҷлил мегардад, барои мо яке аз ҷашнҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Воқеан ҳам, кӯдакону наврасон ояндасозони Ватан мебошанд. Меҳру муҳаббат ва таваҷҷуҳи мо ба онҳо бояд афзун бошад ва баҳри фароҳам овардани шароит барои рушду камолоти босуботи онҳо кӯшишҳои зиёд ба харҷ диҳем. Зеро давлатро танҳо кадрҳои соҳибкасбу бомаърифат обод мекунанд ва пешрафту оромии ҳар ҷомеа аз сатҳи донишу ихтисосмандӣ ва фарҳангу ҷаҳонбинии афроди он вобастагии мустақим дорад.
Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат барои дастгирии наврасон ва ҷавонон аст, зеро дар доираи он ҳар як наврас ва ҷавони илмдӯст метавонад рӯ ба омӯзиши ҷиддии ин илмҳои ҳаётан муҳим оварад ва дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузорад, зеро ояндаи Тоҷикистон ба амиқ аз худ кардани ин илмҳо сахт алоқаманд мебошад.
Аз ин рӯ, ба фарзандон бояд фаҳмонем, ки аз натиҷаҳои ғамхории доимии давлату Ҳукумати Тоҷикистон, мактабу синфхонаҳои муосиру муҷаҳҳаз, дигар иншооти замонавии барояшон муҳайёгардида, муҳимтар аз ҳама, аз донишу таҷрибаи устодони худ самаранок баҳравар гарданд ва ба хотири омӯзиши илму дониш, бахусус илмҳои табииву риёзӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, ахлоқи ҳамидаву рафтори нек доим саъю талош кунанд ва дар оянда барои миллати соҳибтамаддуни худ ҳамчун кадрҳои баландихтисос хизмати арзандаро анҷом диҳанд.
Албатта, дар баробари чораҳои андешидаистодаи давлату Ҳукумати кишвар доир ба рушди соҳаи маориф таҳкими робитаи оила бо мактаб, таълиму тарбияи фарзандони солиму боодоб ва соҳибмаърифату донишманд, инчунин дар шуури насли наврас густариш додани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, рӯҳияи ифтихор аз таъриху фарҳанги волои миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ, омӯзиш ва таблиғи анъанаву суннатҳои беҳтарини миллӣ ва фарогириву эҳтироми арзишҳои неки умумибашарӣ вазифаи муқаддаси волидайн ва аҳли ҷомеа мебошад.
Маҳз бо ҳамин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул карда шуд ва волидайн бояд ба хотири тарбияи насли ояндасози ҷомеа, фарзандоне, ки номбардори падару модари худ ва миллату давлати соҳибистиқлоли хеш шуда тавонанд, ҳамаи имкониятҳои худро сарф намоянд. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ғамхорӣ ба насли имрӯз ва фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбияи он – ғамхорӣ барои ояндаи ободи давлат, миллат ва ҷомеа мебошад.
Рушди тафаккури кӯдакону наврасон, дар ниҳоди онҳо тарбия намудани шахси худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир, дорои қобилияти шинохтани равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯза, дар маркази фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қарор дошта, дар самти амалӣ гаштани он тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд.
Ба туфайли ғамхориҳои ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайваста амалӣ гардидани тадбирҳои зарурӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамасола садҳо адад муассисаҳои таълимӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, даҳҳо мактаби замонавии муҷаҳҳаз бо воситаҳои муосири таълимӣ бунёд ёфта, зербинои моддию таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯз то рӯз мустаҳкамтар гардида, таъминоти онҳо бо мизу курсӣ, асбобу ашёи таълимӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони техникӣ ҳалли худро ёфта истода, баҳри беҳдошти вазъи таълиму тарбия заминаҳои хуб фароҳам оварда шуда истодаанд.
Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намудаанд: “Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки дар вуҷуди ҳар як фарди Ватан ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтиром ва риояи бечунучарои қонун, азми қавии созандагӣ ва ободонии Ватан, кӯшиши илму донишомӯзӣ ва маърифатпарварӣ ба манфиати пешрафту тараққиёти кишварамон амиқ ҷой дошта бошад”.
Бо дарназардошти вазъи имрӯз баамаломада ҳамаи мо, бахусус падару модаронро зарур аст, ки ба фарзандон шарти муҳимми ҳифзи саломатӣ будани риояи тозагиву покизагӣ, яъне қоидаҳои беҳдошти шахсиро фаҳмонем. Ин масъала, яъне тозагӣ ва эҳтиёт, хусусан, дар мавсими хуруҷи беморие, ки имрӯзҳо идома дорад, барои ҳар як шахс ҳаётӣ ва заруру ҳатмист.
Тарбияи фарзандони солеҳ, баодобу соҳибмаърифат ва таблиғи илму дониш аз ҷумлаи корҳои шоистаи ҳар як инсони солимфикр мебошад. Ҳоло барои наврасону ҷавонон ҷиҳати мутолиаи асарҳои мондагор, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, кумак ба волидон дар пешбурди корҳои саҳроӣ ва суҳбату ҳамнишиниҳои дилпазир бо аҳли хонавода фурсати муносиб фароҳам омадааст.
Боварӣ дорам, ки фарзандони мо, насли навраси имрӯза тамоми кӯшиши худро барои мусаллаҳ шудан бо донишҳои муосир, андӯхтани маърифату фарҳанги баланд равона намуда, дар таҳкими истиқлолияти комили кишвар, рушду пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азиз нақши арзанда мегузоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдаконро ба мардуми шарифи вилояти Хатлон самимона шодбош гуфта, ба ҳамаи кӯдакону наврасони диёр саломатӣ, шукуфоӣ, рӯзгори босаодатро орзумандам.
Идатон муборак, фарзандони азиз!