Ҳамдиёрони азиз!
Рамзи давлатӣ ин нишонаи махсусест, ки дар он хусусияти таърихӣ, фарҳанги сиёсӣ ва миллии ифодакунандаи мазмуни муайяни ғоявӣ ва ҳуввияту соҳибистиқлолӣ таҷассум ёфтааст. Вобаста ба ин месазад қайд намоем, ки ҳар як рамз дар худ маънои муайянро таҷассум намуда, василаи тасвирии ифодакунандаи мазмуни муайян мебошад.
Таърихи парчамдории миллати куҳанбунёди мо, ки аз замони Коваи бузург сарчашма мегирад, ҳамчун рамзи сарбаландӣ, муросо накардан ба зулму истибдод, ҳимояи номусу шараф, ҷасорат ва мардонагӣ маънидод мегардад. Дар масири пурпечутоби таърих миллати тоҷик вобаста ба ҳадаф ва мақсадҳои сиёсатҳо намои парчами худро дигар карда бошад ҳам, аммо ҳаргиз онро аз даст надодааст.
Аз соли 1924 то соли 1991, яъне то замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Парчами давлатии мо якчанд маротиба иваз шудааст. Хушбахтона, ба шарофати истиқлолияти давлатӣ, тоҷикон соҳиби парчами миллӣ гардиданд, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Боиси тазаккур аст, ки рамз ва идеалӣ ҳар як халқу миллат қисми ҷудонашавандаи худшиносиаш буда, ба таърихи гузашта ва ҳозираи онҳо вобастагии зич дорад. Бинобар ин Парчами давлатӣ ифодагари таъриху тамаддун, иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии ҳар як миллату давлат буда, волотарин мақсаду мароми миллӣ дар ҷилои рангҳои парчам инъикос мегардад.
Парчами миллии мо, ки зодаи ақли солим ва тафаккури баланди даврони давлатсозӣ аст, имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх — озодиву истиқлол, ранги сафед — сулҳу оромӣ, ранги сабз — ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон, бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдату ҳувият ва дастоварди бузурги миллӣ буда, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад. Ба ин дастоварди миллӣ ҳамеша эҳтиром гузоштан, онро муқаддас донистан, бо арҷгузорӣ ба он ваҳдати милливу якпорчагии кишвари азизамон таҳким бахшидан қарзи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Ҳифзи Парчами давлатиамонро рисолати баланди шаҳрвандиву қарзи ватандорӣ дониста, ба халалдор шуданаш ҳаргиз роҳ надиҳем. Бояд дар сиёсат зираку хушёр бошем, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пуштибонӣ намуда, дар ҳама маврид шароит муҳайё намоем, ки Парчами миллӣ рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад.
Аз сабақҳо ва дастовардҳои нодири сулҳу ваҳдатамон, арҷ гузоштан ба парчаму парчамдории миллӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро бохабар созем ва онро ба унсури устувори фарҳанги ҷомеаамон табдил диҳем.
Бо ҳамин ниятҳои нек Рӯзи Парчами миллиро ба ҳамаи Шумо муборакбод гуфта, дар ин рӯзи таърихӣ ба ҳар яки Шумо ва дар шахси Шумо ба ҳар як хонадони мардуми вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ хуррамиву осоиши рӯзгор, бахту саодат ва сарбаландиву сарфарозиро орзу менамоям.
Бигузор, Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини вилояту ҷумҳуриамон меҳри Ватанро афзунтар созад ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд.
Рӯзи Парчаму парчамдорӣ муборак ҳамдиёрони азиз!
Саломату сарбаланд бошед!