Ҳамватанони азиз!
Имрӯз мо дар арафаи иди Қурбон, ки фарогири некиву накӯкорӣ, хайру саховат, инсофу адолат ва навозишу меҳрубони мебошад, қарор дорем. Аз ин хотир Шуморо ба муносибати фаро расидани иди саиди Қурбон табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат ва рӯзгори нек таманно дорам.
Боиси хушнудист, ки халқи азизи Тоҷикистон ба истиқболи 35-солаги истиқлолияти давлатии хеш дастаҷамъона заҳмат кашида ба сӯи қуллаҳои умед қадамҳои уствор гузошта истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафари кории худ ба вилояти Хатлон, бори дигар дар бораи ҳикматҳо ва баргузории иди саиди Қурбон сухан ронда таъкид намуданд, ки: «Ҳикмати аслии иди Қурбон аз он иборат аст, ки мусулмонон дар замири худ бо роҳи ибодату ниёиш ва анҷом додани корҳои хайру савоб ба Худои таоло наздикӣ меҷӯянд ва бо ризоияти ӯ умед мебанданд. Ҳамчунин, ҳангоми баргузории ид ва оростани дастурхони идона мо бояд аҳкоми шариатро дар хусуси зиёни исрофкорӣ риоя кунем ва фармудаи Қуръони каримро, ки исрофкоронро бародарони шайтон шуморидааст, аз ёд набарорем».
Паёмбари ислом низ мефармояд, ки мусулмони комил бояд аз ду амр ҳамонеро интихоб кунад, ки ба мардум сабукӣ меорад.
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоату деҳаҳо ҷиҳати қонеъ кардани эътиқоди динӣ ва иҷрои яке аз фаризаҳои дини мубини Ислом 19 масҷиди марказӣ, 119 масҷиди ҷомеъ ва 1638 масҷиди панҷвақта бо тамоми меъёрҳои марбут ба фарҳанги исломӣ бунёд гардида, барои намозгузорон шароити муносиб фароҳам оварда шуда, барои ибодат дарњояшон боз аст.
Тазаккур бояд дод, ки маҳз фарҳанги бузурги исломӣ волотарин арзишҳои маънавӣ ва ҳаётиро дар худ инъикос карда, мардумро ба омӯзиши илму маърифат, дӯстию рафоқат, накукорию покизагӣ, созандагиву ободкориҳо ва таҳаммулгароӣ ҳидоят менамояд. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри неъмати бебаҳои давлати озоду соҳибистиқлол расем ва бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар ҷонибдорӣ намоем.
Пешвои миллат пайваста дар анҷуманҳои байналмилалӣ аз исломи поку ноб пуштибонӣ намуда, аз оламиён даъват ба амал меоранд, ки дини мубини Ислом ҳамеша тарғибгари некиву хирадмандӣ, хайру саховат, дастгирии якдигар, дасти навозиш гузоштан ба сари ятимону барљомондагон мебошад.
Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бамаврид қайд кардаанд: «Ин ид, тавре, ки аз ном ва таърихи пайдоиши он бармеояд, суннати адои намози ид, инчунин, қурбонӣ кардану ба ҷо овардани фаризаҳои ҳаҷ танҳо барои онҳое, ки қудрату тавоноии моддӣ, яъне дасти дароз доранд ва соҳиби рӯзгори серу пур мебошанд, ба шумор меравад. Ба ибораи дигар, фақат онҳое метавонанд ба ҳаҷ раванд ё қурбонӣ кунанд, ки дар зиндагии худ ҳеҷ мушкилӣ надоранд, аҳли хонадон ва фарзандонашон аз ҳар лиҳоз таъмин мебошанд». Ҳар нафари мо бояд сари ин масъала андеша кунем ва ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки ба мардум сабукӣ овардан ҷавҳари дини мубини Ислом мебошад.
Савоби бузургтарин дар ин айём хайру саховат нисбати афтодаҳолон, ятимон, ниёзмандону муйсафедон ва бепарасторон мебошад. Зеро паёмбари ислом дар ҳадисҳои худ фармудаанд, ки садақа додан ба дороён ва касоне, ки қудрати кор кардан доранд, раво нест.
Ҳар фарде, ки дар ин рӯзҳо сари ятимеро навозиш кунад, дасти фитодаеро бигирад, ҳоҷати барҷомондаеро барорад, савобаш аз савоби зиёрати хонаи Каъба камтар нахоҳад буд, аз ин лиҳоз, мо бояд барои осони овардан ба мардум тамоми чораҳоро биандешем ва насли наврасро дар руҳияи баланди инсондӯстӣ, омӯхтани илм ва садоқат ба Ватан тарбият намуда, ба воя расонем.
Ҳамватанони гиромӣ, итминонам комил аст, ки сокинони ба ору номуси Хатлонзамин дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат бо меҳнати суботкорона баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳоии давлату Ҳукумати кишвар талош менамоянд ва бо анҷоми корҳои бунёдкорию созандагӣ дар таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон саҳми шоистаи худро мегузоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек дар ин рӯзҳои шодию нишот бори дигар фарорасии Иди Қурбонро ба тамоми мардуми сарбаланди вилояти Хатлон табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо ризқи фаровон, оромиву осоиш, меҳру муҳаббат, файзу баракат, некрӯзию хонаободӣ ва барои кишвари сабзу хуррамамон рушду такомул ва шукуфоиро таманно дорам.
Идатон муборак ҳамватанони азиз!