Ҳамдиёрони азиз!

Мо сарфароз аз он ҳастем, ки аз саодат ва нусрати Истиқлолу Озодӣ ва баракати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷик ватандор асту, Парчами давлатдориаш дар фазои мустақилияти комил парафшонӣ дорад.

Ҳар рӯзи сол барои мо санаи таърихест, ки баҳри таҳкими давлатдории миллӣ нақш ва аҳамияти махсус дошта, истиқлолияти моро комилтар мегардонад. Вобаста ба ин, қайд намудан зарур аст, ки давлатдорӣ бе мавҷудияти рукнҳои муҳимми таъминкунандаи амният ва қудрати дифоии он комил буда наметавонад.

Аз ин рӯ, имрӯз мо бо ифтихор аз он рӯзи таърихӣ, яъне 23 феврали соли 1993 ёд мекунем, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буданд. Воқеан ҳам, ин рӯз ҳамчун санаи муҳим дар таърихи давлатдории мо аҳамияти хоса дошта, нишонаи зина ба зина қудрат пайдо кардани давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Бо гузашти 26 сол аз ин рӯзи муборак қудрат, нуфуз ва симои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан дигаргун гашта, он ба нерӯи бузурге мубаддал гаштааст, ки эътимоди Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ ва тамоми мардуми тоҷикро ба даст оварда, ҳамчун сипари шикастнопазир дар роҳи ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ сарбаландона фаъолият намуда истодааст.

Дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, аз ҷумла ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, буҳрони вазнини иқтисодию сиёсӣ, номуайянии мавқеи қудратҳои сиёсии ҷаҳонӣ дар минтақа таъсис додани Қувваҳои мусаллаҳи миллӣ амали ҷавонмардона ва дурбинона буда, он имконият дод, ки ба идомаи баъзе манфиатхоҳиҳо дар минтақа хотима гузошта шавад. Имрӯз мо қудрати муҳофизатии ин нерӯи бузургро васф намуда, ҳаргиз ҳуқуқи маънавии фаромӯш кардани мардонагии ҳазорҳо нафар ҷавонмардони шуҷои дар роҳи таҳкими субот ва тамомияти арзии давлат ҷонбохтаро надорем.

Ҳамчунин, имсол аз рӯзи хуруҷи Қувваҳои Шӯравӣ аз қаламрави Афғонистон 30 сол пур мешавад. Дар ин рӯзи муборак қарзи инсонии худ медонам, ки дар бораи хизмати мардонавор ва ватандӯстонаи ҷанговарони башардӯст, ки баҳри иҷрои супориши ҳарбӣ дар давлати ҳамсояи Афғонистон қаҳрамониҳои бемисл нишон дода, мактаби шуҷоати ҳарбиро дар ин кишвар гузашта, қисме аз онҳо бар нагаштаанд, ба ёд биорем. Инҳо нафароне буданд, ки бо садоқати беандоза ӯҳдадории ҳарбӣ ва супориши Ватанро бо ҷоннисориҳо иҷро намуда, намунаи беҳтарини мактаби ватандорӣ барои насли наврасу ҷавони имрӯза мебошанд.

Мо пеши рӯҳи ин қаҳрамонфарзандон қарздор ҳастем ва ба мардонагии шуҷоатмандии онҳо сари таъзим фурӯд оварда, баҳри болидагии рӯҳи абадзиндаи онҳо сулҳу суботи устувор ва ягонагии давлати мустақили худро чун гавҳараки чашм муҳофизат хоҳем кард.

Таҳлили марҳилаҳои асосии ташаккулёбии Артиши миллии мо бори дигар собит месозад, ки бе ягон таҳкурсии зарурӣ, яъне бе пойгоҳи аввалия ва оддитарини моддиву техникӣ ташкил намудани Қувваҳои мусаллаҳ, иштироки фаъолонаи он дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, маҳз дар натиҷаи доштани рӯҳияи баланди ҷангӣ, садоқат ба принсипҳои соҳибдавлатию соҳибистиқлолӣ ва хизмати фидокорона ба мардум имконпазир гашт.

Хусусан, дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт.

Таҳаввулоту ҳодисаҳои солҳои охир дар манотиқи алоҳидаи ҷаҳон баамаломада, моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ба талаботи замонаи ҳассосу ноором мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат тадбирҳои ҷиддӣ андешем, таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси низомиро боз ҳам беҳтар ба роҳ монем, доир ба таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву технологияҳои замонавӣ ва лавозимоти муосири ҷангӣ чораҳои иловагӣ андешем ва иқтидори мудофиавии мамлакатро тақвият бахшем. Зеро, дар марҳалаи торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид барои торафт беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.

Яке аз шартҳои муҳимми баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омодабошии Қувваҳои Мусаллаҳ мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва тарбияи сиёсиву маънавии ҳайати шахсӣ мебошад. Имрӯз моро зарур аст, ки барои омодабошии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, корро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дуруст ба роҳ монда, дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ самаранок гузаронида шаванд. Инчунин, дар як сол ду маротиба ҷавонон ба сафи Қуваҳои Мусаллаҳ даъват мешаванд, ки дар бисёр мавридҳо барои иҷроиши нақшаи даъват бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегардем. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳоло ҳам дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои тарғиботӣ дар байни ҷавонони даъватшаванда хуб ба роҳ монда нашуда, дар раванди тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ки як рукни асосии Консепсияи миллии тарбия мебошад ҳанӯз ҳам камбудиҳои зиёд ҷой доранд.

Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки дар тарбияи насли наврас, бедор кардани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ дар онҳо саҳм дошта бошем.  Дар ин самт бояд ҳамкориву ҳамоҳангӣ байни сохторҳои ҳарбӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш хуб ба роҳ монда шавад. Зеро, хизмат ба Ватан қарзи ҳар як ҷавонмард аст ва дар доираи футуввату ҷавонмардӣ иҷро накардани қарз берун аз ойини ҷавонмардӣ аст.

Бинобар ин ҳомиёни Ватан, дар хотир дошта бошед, ки Шумо хотири ҷамъи падару модарон, осудагии тифлакон ва эътимоди кулли мардуми Тоҷикистон мебошед. Аз ин рӯ, дар иҷрои ин масъулияти бузург- қарзи фарзандӣ дар назди Ватан ба ҳар яки Шумо иродаи қавӣ, шуҷоатмандӣ, тансиҳативу хушбахтӣ  ва барори кор орзумандам. Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоли мо сулҳу амонӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона намоем, ки ин неъмати бебаҳо ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидонӣ боқӣ монад.

Ба ин муносибат ҳамаи Шумо- афсарону сарбозон ва собиқадорони гиромиро бо ифтихору самимияти беандоза сидқан табрик гуфта, барои заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, сулҳу субот ва оромиву осудагии халқ изҳори минатдорӣ менамоям.

Ҷашни 26-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here