Муҳтарам собиқадорон,
Аҳли қалам, зиёиёни эҷодкор!
Дар ин рӯзҳои хотирмон, ки мардуми шарафманди кишвар баҳри сазовор ва дар сатҳи баланди идона истиқбол намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд, ҳамаи шумо — қаламкашон, ноширон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик – иди касбии рӯзноманигорони мамлакат самимона шодбош мегӯям ва бароятон комёбиҳои эҷодӣ, тансиҳатӣ ва рӯзгори хушу осуда таманно дорам.
Имсол аз рӯзи ба нашр расидани нахустин шумораи нашрияи сирф тоҷикӣ – “Бухорои шариф” 109 сол сипарӣ мегардад. Тавре аз таърих медонем, иди матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ рӯзи 5 май ҷашн гирифта мешуд, ки ба рӯзи нашри нахустшумораи нашрияи коммунистии «Правда» рост меомад. Пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 парлумони Тоҷикистон 11 мартро Рӯзи матбуоти тоҷик эълон намуд.
Матбуоти тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамеша бозгӯкунандаи вазъи воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон буда, сарчашмаи муътамади иттилоъ буду боқӣ мондааст. Матбуот ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа бахусус дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати фароҳам омадани шароиту имкониятҳои озодандешию ошкорбаёнӣ мавқеи устувор ишғол намуд. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро чашму гӯши халқ ва муҳимтарин рукни ҷомеаи мардумсолорӣ номидаанд.
Бузургони ҷаҳони илму сиёсат матбуот ва журналистикаро ба гунаҳои мухталиф таъриф дода, зарурат, моҳият ва мавҷудияташро ҳама яксон муҳим хондаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро «чашму гӯши халқ», Садриддин Айнӣ «солномаи таърихи миллат», Карл Маркс «ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум», Лев Толстой «як лаҳзаи аломати таърих», Мирзо Турсунзода «мактаби адабиёт» номидаанд. Аз ин рӯ, журналист бо вориди ҷаҳони матбуот шудан рисолати ҷиддиву азимеро ба дӯш мегирад.
Матбуоти тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ марҳилаҳои гуногуни рушдро тай намуда, имрӯз ба як неруи муқтадири афкорсоз ва пешбарандаи ҷомеа мубаддал гаштааст. Агар солҳои 1992-1997-ро давраи мушкил ва рӯ ба рукуди матбуоти маҳаллии Тоҷикистон номем, солҳои 1997-2004-ро оғози давраи эҳёи матбуоти маҳал ва аз соли 2005 ба ин тарафро марҳилаи рушди босуботи матбуоти даврии вилояти Хатлон ҳисобидан мумкин аст.
Бо мақсади таъмини пешбурди сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иттилоот айни замон дар фазои иттилоотии вилояти Хатлон 60 воситаи ахбори омма фаъолияти пурмаҳсул анҷом медиҳанд. Дар баробари шабакаҳои телевизионию интернетӣ ва матбуоти даврии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дар вилоят инчунин 4 шабакаи телевизионии маҳаллӣ – шабакаҳои телевизиони вилоятӣ ТВ «Хатлон», ТВ «Кӯлоб», телевизионҳои мустақили шаҳри Бохтар — «Қӯрғонтеппа» ва «Мавҷи озод»-и ноҳияи Восеъ, радиои вилоятии «Радиои Хатлон», радиои «Кӯлоб» рӯйи мавҷ баромада, 53 адад нашрияҳои расмӣ (48 нашрия ва 5 маҷалла) нашр мегарданд.
Дар баробари фаъолияти шабакаҳои телевизион ва радиои маҳаллӣ дар вилоят наздик ба 50 сомонаи расмии ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият намуда истодаанд, ки ҳамарӯза аз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят хабару гузоришҳо омода намуда, дастраси хонандагон ва тамошобинону шунавандагон мегардонанд.
Имрӯз матбуоти даврии вилоят бо фарогирии мавзӯъ, ба суроғи аудиторияи мушаххас нигаронида шудани мазмуну муҳтавои расона, услуби хоси фаъолият ва нигориш симои худро пайдо кардааст.
Сарфи назар аз рушди инструментҳои бозтоби рӯйдодҳо ва афзоиши шумораи ВАО-и электронию сомонаҳои гуногунмуҳтавои интернетӣ, ҳанӯз ҳам талабот ба матбуоти даврӣ дар Тоҷикистон баланд буда, қариб нисфи аҳолӣ (47,7%) чун пештара нашрияҳои ватаниро барои мутолиа дастрас мекунанд.
Дар чунин шароит ҳайатҳои эҷодии нашрияҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ бар сари беҳтар кардани муҳтавои матлабҳояшон фикр кунанд. Матбуоти даврии маҳаллӣ бояд бозоргир шавад, аз қолабҳои куҳна, чопи маводҳои дилгиркунанда худдорӣ намояд. Талаботи аудиторияи замони нав ба инобат гирифта шуда, тарроҳии саҳифаҳо муосир, чашмрас ва диққатҷалбкунанда бошад. Хулоса, муҳаррирон ва ҳайати эҷодӣ бояд тавре корро ба роҳ монанд, ки шумораи обуначиён бештар афзояд, хонанда матлабҳои табъи дилашро дар саҳифаҳои матбуоти даврии маҳаллӣ пайдо намояд.
Боиси фараҳмандист, ки имрӯз дар сиёсати редаксионии аксари нашрияҳои музофотии Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон, мавзӯи ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, тараннуми сулҳу ваҳдати миллӣ, зарурати ҳифозат ва таҳкими он, инчунин мубориза бо ифротгароию терроризм, ташаккули эҳсоси ватандорӣ аз мавзӯъҳои меҳварӣ ва афзалиятдори фаъолияти эҷодӣ ба ҳисоб меравад. Аҳли эҷоди матбуоти даврии Тоҷикистон кӯшиш мекунанд, ки маводи дар мавзӯи сулҳу ваҳдати миллӣ навиштаашон ҳарфи нав дошта, он бо нигоҳи тоза ба арзиши ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа пешкаши хонанда гардад. Муаллифон дар хабару гузоришҳояшон асосан аз ҷараёни омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилоят, корҳои созандагию бунёдкорӣ, дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, саҳми соҳибкорони баруманд дар рушди инфрасохтори маҳал маводи ҷолиб менависанд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба ҳар яки Шумо – рӯзноманигорони муҳтарам барои ҳамкории хубу пурсамар, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ, инъикоси васеи корҳои ободонию созандагӣ дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ миннатдории худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро баён мекунам.
Дар ҳақиқат, воситаҳои ахбори омма ба мисли ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ ба рушд ва камолоти ҷомеа мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба рушди расонаҳои хабарии минтақавии Тоҷикистон бисёр муҳим буда, мо ба ҳалли мушкилоти ВАО минбаъд низ мусоидат хоҳем кард.
Бо таманнои он ки ҳар як эҷодкор, ҳар як зиёӣ неруи сухан ва хомаи созандаашро барои ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ равона месозад, бори дигар ҳамаи эҷодкорони вилоятро ба муносибати иди касбиашон – Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат, ба Тоҷикистони маҳбубамон, ки имсол 30-солагии Истиқлолияти давлатиамонро сазовор таҷлил мекунем, пешрафту шукуфоӣ таманно дорам.
Саломату сарбаланд бошед!