Муҳтарам афсарону сарбозон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамдиёрони азиз!
Бо шарофати соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошу дастгириҳои Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мардуми шарифи Тоҷикистон таъсисёбии Рӯзи Артиши миллиро бо рӯҳияи баланди меҳандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ таҷлил мекунанд.
Ба ин муносибат бо камоли ифтихор ҳамаи шумо – сарбозону афсарон, собиқадорон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро самимона табрику таҳният мегӯям.
Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи давлатдории навини Тоҷикистон медонем, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ, буҳрони шадиди иқтисодӣ, вазъи ноороми сиёсӣ фаро гирифта, одитарин техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва кадрҳои соҳибихтисос тақрибан вуҷуд надоштанд. Дар ҳамин вазъияти бисёр душвор Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба азму талоши мардуми соҳибфарҳангу сулҳҷӯямон ба бунёди Артиши миллии давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон оғоз намуданд.
Дар чунин шароити пур аз мушкилоту норасоӣ 23-юми феврали соли 1993 аввалин гузашти ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд ва афсарону сарбозони содиқи Ватан бо ифтихору эҳсоси баланди ватандӯстӣ аз он ботантана гузаштанд.
Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштанд ва рисолати касбиву ҳифзи шаҳрвандии худро бошарафона адо намуданд.
Бо талошу кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 28 соли мавҷудияти Артиши миллӣ таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омада, шароити муносиб барои афсарону сарбозон таъмин гардидааст.
Боиси қаноатмандӣ ва ифтихор аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз мавқеи худро дар минтақа устувор нигоҳ дошта, ба як неруи пуриқтидори давлатӣ ва сипари боэътимод табдил ёфтааст. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: “Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балкӣ мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад”.
Имрӯз мо қудрати муҳофизатии Артиши миллиро васф намуда, ҳаргиз ҳуқуқи маънавии фаромӯш кардани мардонагии ҳазорҳо нафар ҷавонмардони шуҷои дар роҳи таҳкими субот ва тамомияти арзии давлат ҷонбохтаро надорем. Ин диловарони Ватан барои ҳимояи сохти конститутсионӣ ва иҷрои супориши ҳарбӣ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дода, амният ва субот дар мамлакатро таъмин намуданд.
Роҳбарияти олии мамлакат дар раванди татбиқи барномаҳои ислоҳоти сохторӣ ба масъалаи тақвияти иқтидори ҷангии Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ба бунёди иншооту биноҳои зарурии замонавӣ ва бо техникаву лавозимоти ҷангии муосир таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат эътибори аввалиндараҷа медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо пуштибонӣ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии сиёсии кишвар дастгирии қисмҳои низомии ҳудуди вилоятро яке аз самтҳои фаъолияти худ дониста, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда барои фароҳам овардани шароити мусоид чораандешӣ менамояд. Аз ҷумла, аз тарафи мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба сохторҳои низомӣ зиёда аз 50 гектар замин ҳамчун хоҷагии ёрирасон ҷудо карда шуда, дар давоми 2 соли охир ба зиёда аз 100 нафар хизматчиёни сохторҳои қудратӣ қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дода шудааст.
Дар ҳошияи ин суханҳо ҳамчунин қайд намудан зарур аст, ки дар ду соли охир аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таъмир, барқарору азнавсозии бинову иншоотҳои сохторҳои низомӣ, сохтмони боғчаи бачагона барои фарзандони қисмҳои ҳарбӣ, сохтмони роҳҳо, кашидани хати барқ ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва расонидани кӯмакҳои моддӣ 3 миллиону 968 ҳазору 275 сомонӣ ҷудо карда шуда, бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи ватанпарастии афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ дар арафаи идҳои миллӣ чорабиниҳои фарҳангӣ бо оростани дастурхони идона баргузор карда мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар оянда низ дастгирии молиявию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбиро густариш бахшида, ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ ва пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии мамлакат чораҳои зарурӣ меандешад.
Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон барои тайёр намудани мутахассисони ба Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар ҷузъу томҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон заруратдошта аз ҳисоби навдаъватшавандагон саҳми намоён дошта, ҳамасола дар мактабҳои ронандагии зерсохторҳои ин ташкилот дар вилоят зиёда аз 1000 нафар навдаъватшавандагон аз ҳисоби давлат дар курсҳои кӯтоҳмудати ронандагӣ ҷалб ва соҳибкасб гардонида мешаванд. Ҳамчунин, дар сохторҳои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят аз ҳисоби Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ курсҳои омӯзиши ихтисосҳои гуногуни ба Қувваҳои Мусаллаҳ заруратдошта ташкил карда шудааст, ки дар он даъватшавандагон ҷалб гардида, бо гирифтани идрорпулӣ соҳиби касбҳои гуногун мешаванд.
Имрӯз моро зарур аст, ки барои омодабошии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар корро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дуруст ба роҳ монда, дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ самаранок гузаронида шаванд. Дар ин самт бояд ҳамкориву ҳамоҳангӣ байни сохторҳои ҳарбӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш хуб ба роҳ монда шавад. Ҳар яки моро зарур аст, ки дар тарбияи насли наврас, бедор кардани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ дар онҳо саҳм дошта бошем. Зеро хизмат ба Ватан рисолати ҷавонмардӣ ва қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард аст.
Бо итминони комил изҳор медорам, ки афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ минбаъд низ содиқона адо мекунанд ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ — ҷашни бузургу муқаддаси миллиамонро бо хизмати содиқона, интизоми намунавӣ ва омодабошии баланд истиқбол мегиранд.
Бо ҳамин нияти нек, бори дигар тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони муҳтарами хизмати ҳарбиро ба ифтихори солгарди бисту ҳаштуми таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ, рӯзгори осуда ва дар роҳи ҳифзи Ватани азизамон – Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр ва халқи он барору муваффақият орзу менамоям.
Рӯзи Артиши миллӣ муборак, ҳомиёни диловари Ватан!