Ҳамватанони  азиз!

 Ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат ва рӯзгори нек орзумандам.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии кишвар қайд кардаанд, ки «Барои мусулмонони Ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба ҳисоб меравад. Мардуми мо дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи диниро озодона адо мекунанд ва арзишҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи онро гиромӣ медоранд».

   Имрӯз мо шукрона аз он мекунем, ки аз баракати истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон идҳо ва маросимҳои суннативу миллиамонро озодона, дар фазои сулҳу якдигарфаҳмӣ таҷлил менамоем.

  Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои таъмину ҳуқуқу озодиҳои  шаҳрвандон ва озодии виҷдон тадбирҳои зиёде меандешад, аз ҷумла бунёди калонтарин масҷид дар шаҳри Душанбе, ҳамзамон гузоштани санги асоси Донишикадаи исломии Тоҷикистон ба номи «Имоми Аъзам» ин аз он шаҳодат медиҳад, ки озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ мардум дар қаламрави ҷумҳурӣ таъмин мебошад.

 Яке аз суннатҳои рӯза тарбия намудани эҳсоси ҳамдардӣ ба муҳтоҷону мустамандон ва кӯмаку дастгирии онҳо на фақат дар моҳи шарифи Рамазон, балки дар тамоми моҳу айём мебошад.

 Ҳамзамон, расонидани садақаи фитр дар моҳи шарифи Рамазон барои эҳтиёҷоти шахсони яккаву танҳо, маъюбон, ятимон, оилаҳои камбизоату барҷомонда, барқарорсозӣ ва бо асбобу анҷоми рӯзгор таъмин кардани хонаҳои истиқоматии онҳо, инчунин, таъмири муассисаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла мактабу боғча, бунгоҳи тиббию беморхона, китобхона, бунёди роҳу кӯчаҳои маҳаллаву деҳаҳо ва дигар корҳои ободонӣ беҳтарин хайру савоб ба ҳисоб меравад.

 Дар ин замина ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақти буда,  тақозои замон мебошад. Аз зиёдаравӣ ва исрофкорӣ худдорӣ намуда, талаботи Қонуни мазкурро  риоя карда, мардумро ба оростани дастархони маънавӣ ташвиқ  намоем.

 Бори дигар фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ба ҳамаи шумо, сокинони арҷманди вилоят табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол ба ҳар хонавода саодату хушрӯзӣ, ризқу рӯзии фаровон, рӯзгори осуда, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ободиву пешрафти рӯзафзун орзумандам.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here