Хонандагону донишҷӯёни азиз, устодони арҷманд,

падару модарон ва ҳамватанони гиромиқадр!

Соли равон, чорабиниҳои Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсили 2019-2020 ба арафаи таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои фархундаи миллии дар пешистодаи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, мусаллам аст, ки дар сатҳи зарурӣ ва хотирмон баргузор намудани онҳо баҳри сазовор ҷамъбаст намудану тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагии ба рушди кишвар, вилояти Хатлон, алалхусус яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳиму афзалиятноки ҷомеа, маориф мусоидат менамояд.

Аз ин лиҳоз, бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми алоқамандони соҳа, бахусус аҳли илму маорифи вилоятро ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2019-2020, таҷлили Рӯзи донишу дарси сулҳ ва ҷашнҳои дар пеш-истодаи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, саодату сарбаландӣ, навҷӯию тозакорӣ ва расидан ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, илмиву омӯзгорӣ ва эҷодиро таманно менамоям.

Мову Шумо хуб медонем, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис-тон, аз ҷумла Роҳбарияти Олии кишвар нисбат ба пешрафти соҳаҳои илму маориф, алалхусус рушди нерӯи инсонӣ, пайваста таваҷҷӯҳу ғамхориҳо зоҳир менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, инчунин дар ҷаласаҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрию мулоқотҳо ва зимни сафарҳои корӣ ба манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баҳри рушди босуботи соҳаҳои илму маориф, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, ҳамзамон дар рушди нерӯи инсонӣ ва тараққиёти давлат нақши калидӣ ва саҳми бевосита доштани кормандони соҳаро борҳо таъкид намудааст.

Аз ин рӯ, дар раванди амалигардонии чор ҳадафи стратегии миллии мамлакат (таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ  табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро, ки ба саноатикунонии босуръати кишвар алоқамандии ногусастанӣ дорад) Пешвои муаззами миллат дар паёмашон “Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ”-ро вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф дониста, ба масъулини мақомотҳои дахлдор, ҳамзамон муваззафи соҳа баҳри то соли 2021 ба 30 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, пурзӯр намудани назорати сатҳу сифати дониш дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, то соли 2020 ҳаллу фасли пурра ва босифати мушкилоти норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ, баланд бардоштани сатҳи касби-яти омӯзгорон, тақвият бахшидани фаъолияти курсҳои такмили ихитисоси омӯзгорон ва дар қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронидани кормандони соҳаи маориф дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри иҷрои самарабахши ин дастуру супоришҳо ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои илму маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он тадбирҳои ҳадаф-мандро роҳандозӣ намуда, ҳамзамон баҳри боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои иловагӣ андешида истодааст.

Зикр бояд намуд, ки мо имрӯз ҳадафмандона баҳри вусъат бахшидани амалигардонии барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи илму маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, дониши хонандагону донишҷӯён, мустаҳкам кардани заминаҳои моддӣ-таълимӣ ва техникии муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, ҳамзамон амалигардонии имтиёзҳои муқарраршудаи омӯзгорони ҷавон, дастгирию ҳавасмандсозии олимону омӯзгорони варзидаю эҷодкор ва хонандагону донишҷӯёни аълохони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии ҳудуди вилоят корҳои муайянро ба анҷом расонида истодааем, ки натиҷаи дилхоҳ дода истодаанд.

Аз ҷумла, ҳамасола дар мадди аввал ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ гардидани беҳтарин кормандони соҳаи илму маориф ва аҳли илму зиё дар вилоят, муқаррар гардидани квотаҳои Президентӣ ва бурсияҳои таҳсил барои илму касбомӯзии ҷавонони лаёқатманд, таъсису роҳандозӣ намудани Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф, стипендияҳои номии Президентӣ, раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону сарпарастон, инчунин, дастгирии моддиву маънавии волидайн ва шахсони саховатпеша ба олимону устодони эҷодкор, омӯзгорони варзида, хонандагони аълохон ва ғолибони ҳаракатҳои олимпии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, деҳотӣ ва таълимгоҳӣ феҳрасти нопурраи тадбирҳои зикршуда мебошанд.

Айни замон, дар соҳаҳои илму маорифи вилоят дар 44 адад муассиса-ҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, 1342 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 50 адад мактабҳои Президентӣ, литсейю гимназияҳо, 937 адад муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак наздик ба 50 ҳазор нафар олимону устодон, омӯзгорон, мураббиён ва устоҳои таълимӣ- истеҳсолӣ ба таълиму тарбия ва омодагии касбии зиёда аз 830 ҳазор нафар донишҷуёну хонандагон ва тарбиягирандагон ғайратмандона машғуланд.

Аз ин рӯ, мо бо камоли боварӣ ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии устодону омӯзгорон, майлу рағбати ба дониш, илм ва касбомӯзӣ доштаи шогирдон, таваҷҷӯҳу масъулиятшиносии падару мода-рон ва самимона ба мактабу маориф рӯ овардани ҳамдиёрон умед баста, итминон дорем, ки соли нави таҳсил ва ҷашнҳои фархундаи дар пеш-истодаро кормандони соҳаи илму маорифи вилоят бо навҷӯию тозакорӣ ва дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, илмиву омӯзгорӣ ва эҷодӣ  истиқбол мегиранд.

Дар робита ба ин, бори дигар тамоми алоқамандони соҳаи илму маориф, падару модарон ва сокинони вилоятро ба оғози соли нави таҳсили 2019-2020, Рӯзи донишу дарси сулҳ ва ҷашнҳои фархундаи дарпешистодаи кишвар табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, саодату сарбаландӣ, фазилатҳои неки илму адаб, дониш ва касбу ҳунаромӯзиро таманно менамоям.

Соли нави таҳсил ва Рӯзи донишу дарси сулҳ муборак, ҳамдиёрони азиз!

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here