Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, дарвоқеъ, фарогири ҳамаҷонибаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амниятии кишвар буда, бо зикри наҷибтарин дастовардҳои таърихии соли 2018, монанди оғози расмии татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки бевоситаи Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об, 22-юми марти соли 2018; мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон НБО «Роғун» ва ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон шурӯъ гардид.

  Пешвои миллат таъкид намуданд, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ҳамчун ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ — аграрӣ амалӣ шуда истодааст. Дар ин росто болобурди сатҳи зиндагии мардум бо роҳи таъмини рушди устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳсозии фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат аз ҳадафҳои олии Ҳукумати ҷумҳурӣ дониста шуданд.
  Соли 2018 дар соҳаҳои иҷтимоии кишвар тамоюлҳои мусбат идома ёфта, аз ҷумла нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расида, фавти модару кӯдак нисбат ба соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардидааст. Сарвари давлат аз дурнамои афзоиши аҳолӣ сухан ронда, зикр намуданд, ки шумораи аҳолӣ дар кишвар аз 5,4 миллион нафари соли 1990 дар соли 2018 ба 9,1 миллион нафар расида, дар назар аст, ки соли 2023 аҳолии кишвар ба 10 млн. нафар мерасад. Бо назардошти ин вазъият, Сарвари давлат бо таъкиди зарурати ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳсозии сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат, саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Дар ин росто пешниҳод гардид, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишвар “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда шавад.
  Оре, пешниҳоди Пешвои миллат ҷиҳати ҳадафи чоруми миллӣ қарор додани саноатикунонии босуръати кишвар идомаи мантиқии заминаҳои истиқлолияти энергетикӣ буда, ба беҳбудии ҳар чи зудтари дигар соҳаҳои хоҷагидории кишвар мусоидат мекунад.
  Таъкид шуд, ки дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати истиқболи шоёни Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ илова ба сохтмон ва таъмиру тармими иншооти таъйиноти иҷтимоӣ, инчунин, мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, махсусан дар деҳот, бояд ҳал карда шавад. Зикр гардид, ки дар ҳошияи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар соли 2018 шумораи сайёҳони ба Тоҷикистон ташрифоварда назар ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишудаи ин соҳа як сол басанда нест. Дар ин росто Роҳбари давлат ҳифзи муҳити зистро яке аз роҳҳои асосии ҷалби сайёҳон дониста, бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 — ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Воқеан, Тоҷикистон бо табиати рангину манзараҳои дилфиребаш барои роҳандозии намудҳои гуногуни сайёҳӣ, монанди сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию шикор ва кӯҳнавардӣ имкониятҳои васеъ дорад.
  Пешвои фарҳангпарвари миллат ёдовар шуданд, ки Шашмақому Наврӯз ва либоси чакан ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид шуданд. Ҳамчунин, илова намуданд, ки имсол мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд. “Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад”, — таъкид карданд Сарвари давлат.
  Баъди расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ба таври ҳамешагӣ рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ дар маркази таваҷҷуҳ аст. Маърифати китобхонӣ ҳамчун анъанаи неки ниёгон ривоҷу равнақи тоза касб карда, як зумра корҳои намоён ба анҷом расиданд. Китобхонаи миллӣ ҳамчун маркази муҳими илмӣ-тадқиқотӣ ва фарҳангии кишвар дар рушди илму маориф, густариши анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ саҳмгузор аст.
Барои расидан ба ин мақсадҳои олӣ ва иҷрои дастуру супоришҳо мо — кормандони Китобхонаи миллӣ бо ҳисси масъулиятшиносии баланд ва фаъолияти пурсамар, албатта, саҳми арзанда мегирем. Зеро меҳнати содиқонаву якдилонаи аҳли кишвар боиси шукуфоии бештари Ватани маҳбубамон ва сарафрозии миллати тоҷик дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва наслҳои оянда мегардад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here