Пахтакорони вилояти Хатлон рӯзи гузашта ба қадри 3248,9 тонна ҳосили “тиллои сафед”-ро ҷамъ овардаанд, ки ба 1,18%-и дурнамои солона баробар аст.

Ба иттилои Сарраёсати омори вилоят, то рӯзи 30 октябр дар 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон 228 ҳазору 475,5 тонна пахта ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супурда шудааст, ки 83,02 фисади дурнамои солонаро ташкил медиҳад.

То имрӯз заркорони шаҳру навоҳии Данғара, Бохтар, Дӯстӣ, Левакант ва Шаҳритус дурнамои мавсимро пурра иҷро намуда, навоҳии Носири Хусраву Хуросон, ки мутаносибан ба андозаи 97,58% ва 95,27%-и дурнамо ҳосил ғун кардаанд, ба марра наздик омадаанд.

Ба ҳолати 30 октябри соли ҷорӣ шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Шаҳритуз, Данғара, Дӯстӣ, Носири Хусрав, Кӯшониён, Хуросон, Қубодиён, Ҷайҳун, Панҷ ва Ҳамадонӣ, ҷамъ 12 шаҳру ноҳия, аз сатҳи миёнаи вилоят бештар пахта ҷамъ овардаанд.

Пахтакорони ноҳияҳои Вахш, Фархор, Восеъ, Ҷ. Балхӣ, А. Ҷомӣ, Кӯлоб ва Ёвон, мутаассифона, то имрӯз дурнамои пахтасупориро аз 58,44% то 82,07% иҷро кардаанд, ки ин нишондиҳанда аз сатҳи вилоят камтар аст.

Қобили зикр аст, ки бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода то рӯзи 16 ноябр дар доираи иқдоми “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта идома намуда, ҳар ним моҳ ба се шаҳру ноҳияе, ки нишондиҳандаи баландро соҳиб мешаванд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим хоҳад шуд.

19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор дошта, дар мавсими имсола дар майдони 122 ҳазору 97 гектар пунбадона кишт шудааст. Кишоварзони вилоят ният доранд, ки дар ин мавсим 275,2 ҳазор тонна пахта рӯёнанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

 

Шаҳру ноҳияҳо

Фоизи иҷро

Дар

1 рӯз

Аз аввали мавсим

1

Данғара

0,78

107,30

2

Бохтар

0,00

102,02

3

Дӯстӣ

0,38

101,97

4

Левакант

0,05

100,87

5

Шаҳритуз

0,08

100,28

6

Н. Хусрав

1,94

97,58

7

Хуросон

1,41

95,27

8

Кӯшониён

0,80

93,35

       

9

Қубодиён

1,80

91,00

10

Ҷайҳун

1,04

88,72

11

Ҳамадонӣ

1,70

86,46

12

Панҷ

1,73

77,89

13

Ёвон

1,70

82,05

14

Кӯлоб

1,31

75,55

15

А. Ҷомӣ

1,57

74,84

16

Ҷ. Балхӣ

1,40

70,54

17

Восеъ

1,00

70,49

18

Фархор

1,33

66,54

19

Вахш

0,68

58,44

Дар вилоят

1,18

83,02

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

(Тибқи маълумоти Сарраёсати омори вилояти Хатлон)

 

 

 

 

 

 

 

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here