Дар маркази шаҳри Левакант бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати иҷрои дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта сурат гирифт.

Раиси вилоят кишоварзони Левакантро табрик гуфта, кори онҳоро намунаи ибрат хонд.
Дар шаҳри Левакант cоли ҷорӣ дар майдони 1084 гектар кишти пахта гузаронида, пахтакорон 3 октябр аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахтасупорӣ баромаданд.
Ба ҷойи 2410 тоннаи дурнамо ба миқдори 2411,2 тонна пахта супоридаанд, ки 100,5 фоизро ташкил дода, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 22,2-сентнерӣ расонида шуд.
Хоҷагиҳои пахтакори шаҳр иқдом гирифтанд, ки ҳосили боқимондаро то охири мавсим ба пуррагӣ ҷамъоварӣ намуда, ҳосилнокиро аз ҳар як га ба 25-30-сентнерӣ расонанд.
Дар шаҳр хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки самташон ба пахтакорӣ нигаронида шудааст, 43 ададро ташкил намуда, ҳамаи хоҷагиҳо ба пуррагӣ аз иҷрои нақша баромаданд.
Дар қисмати зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ тухмии навъи австралиягӣ, «Флеш», «Хатлон-2014» кишт намуда, ҳосили хуб ҷамъоварӣ намудаанд.

Раиси вилоят ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва якчанд хоҷагиҳои фаъоли пахтакори Левакант дар вазъияти тантанавӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро тақдим намуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон