Пахтакорони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Бохтар 4 октябр дурнамои истеҳсоли пахтаро дар соли ҷорӣ сарбаландона иҷро намуданд.

Қобили зикр аст, ки заркорони Бохтар имсол дар майдони 310 гектар пахта кишт карда, то имрӯз 23-сентнерӣ аз ҳар гектар “тиллои сафед” рӯёнидаанд.

Тавре ки аз шаҳрдории Бохтар иттилоъ доданд, имрӯзҳо ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр бомаром идома дошта, барзгарон азм доранд, ки то пағаи охирин ҳосили боқимондаро ғун кунанд.

Ёдовар мешавем, ки 5 рӯз қабл заркорони шаҳри Левакант низ дар ҷумҳурӣ аввалин шуда аз иҷрои 100-дарсадии дурнамои ҷамъоварии ҳосили имсола мужда дода буданд.

Хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Левакант соли ҷорӣ дар майдони 1010 гектар кишти пахта гузаронида, то имрӯз ба ҷойи 2310 тоннаи дурнамо ба миқдори 2313 тонна ҳосил ғундоштаанд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 22,9-сентнерӣ расонида шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати қадрдонии меҳнати заркорони шаҳри Левакант рӯзи 1 октябр ба раиси ин шаҳр Заррина Давлатзода Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим кард.

Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода низ бо Сипоснома ва 10 ҳазор сомонӣ мукофот сарфароз шуда буд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here