Дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дирӯз, 13 ноябр, ҳайати ҳунармандони маъруфи ӯзбек ва сафири Ӯзбекистон дар Душанбе Эргаш Шоисматов ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.

Меҳмононро дар назди Қасри навбунёд ва бошукӯҳи фарҳанги ноҳияи Данғара муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ва аҳли фарҳангу ҳунари ноҳия таҳти навои мусиқӣ бо нону асал ва гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.

Сипас, меҳмонон аз толори китобхона, осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Қасри фарҳанг дидан намуданд.

Баъди тамошои қаср вохӯрии расмии муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон, сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ва мушовири вазири фарҳанги Ӯзбекистон Мавлуда Аскархӯҷаева сурат гирифт.

Дар суҳбати мазкур масъалаҳои таҳкими робитаҳо ва роҳандозии ҳамкориҳои вилоят ва ноҳия бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳама соҳаҳо баррасӣ гардиданд.

Сипас, ҳайати расмии меҳмонон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Р. Раҷабов ба Донишгоҳи давлатии Данғара рафта, бо ректори донишгоҳ Нуралӣ Шоҳиён вохӯрӣ анҷом доданд. Меҳмонон инчунин дар толори фарҳангии донишгоҳ бо донишҷӯён мулоқот намуда, оид ба шароити таҳсил ва равияҳои тахассусӣ дар ин муассисаи олии таълимӣ маълумот гирифтанд.

Зикр гардид, ки дар донишгоҳи мазкур зиёда аз 60 нафар донишҷӯён аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил менамоянд.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эргаш Шоисматов пешниҳоди маъмурияти Донишгоҳи давлатии Данғараро ҷиҳати вусъати равобит миёни мактабҳои олии ду кишвар амри зарур ва ҳатмӣ шуморида, таъкид намуд, ки чунин ҳамкорӣ метавонад дар самти омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногун, ташкили бозомӯзии мутахассисон, тайёр кардани олимон, табодули таҷрибаҳои илмию таълимӣ таконбахш бошад.

Баъд дар Қасри фарҳанг бо суханронии раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ва сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов барномаи бошукӯҳи фарҳангии Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон шурӯъ гардид.

Сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар сухани ифтитоҳии худ қайд намуд, ки дар як соли охир як миллиону 701 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва тақрибан ҳамин қадар шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сафар намудаанд.

— Халқи тоҷик ва ӯзбек аз қадим дар ҳамсоягиву бародарӣ зиста, урфу одат, анъана, тарзи рӯзгордории ягона доранд, — иброз дошт ҷаноби сафир. — Дар дунё мисли халқҳои тоҷику ӯзбек дигар ду халқе нест, ки то ин андоза бо ҳам дӯсти наздик бошанд. Танҳо дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва Президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон соли гузашта 54 созишномаи ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф ба имзо расиданд, ки ҳамаи ин санадҳо татбиқ шуда истодаанд. Ин аз шарикии боэътимоду устувори стратегии ду кишвари ҳамсоя дарак медиҳад.

Сипас, оҳанги дилнавози ӯзбекӣ танинандоз гардида, рақсу суруди ҷаззоби ӯзбекӣ манзури аҳли толор гардид. Хусусан ҳунарнамоии Ҳунарпешаҳои халқии Ӯзбекистон Абдуҳошим Исмоилов, Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, ҳунарпешаҳои хушсалиқа Озода Нурсаидова, Умед Исроилов ва Нафиса Фармонова, ансамбли “Мақом” ва ансамбли рақсии “Тошкент зеболари” аҳли толорро мафтун намуданд.

Ҳунарпеша Озода Нурсаидова зимни суҳбат қайд кард, ки бори аввал ба ноҳияи Данғара сафар карда, табиати зебо, мавзеъҳои таърихию фарҳангии ин мавзеъ ӯро мафтун кардааст. “Сипосгузорам аз роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар натиҷаи ҷаҳду талоши онҳо мардумони мо беш аз пеш бо ҳам қаробат пайдо карда, мо – аҳли ҳунари ду кишвари дӯст имконияти баргузории чунин барномаҳои фарҳангиро пайдо намудем”, — афзуд О. Нурсаидова.

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 11 ноябр оғоз гардида, то 15 ноябр идома мекунанд.

Қобили зикр аст, ки халқҳои тоҷику ӯзбек садсолаҳои зиёд бо фарҳанги куҳану ҳаммонанд ва одобу русуми яксон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва самимияту бародарӣ паҳлуи ҳам зиндагӣ кардаанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар барномаи «Шоми дӯстӣ» дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иброз намуданд: «Тоҷикону ӯзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хеле монанданд. Гузашта аз ин, дар кишварҳои мо ҳазорон оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки гувоҳи пайвандҳои хешутабории тоҷику ӯзбек мебошанд. Ниёгони шарафманди мо давоми садсолаҳо мероси беҳамтои фарҳангиву илмиеро ба вуҷуд оварда, ба мо вогузор намудаанд. Ин мероси ниёгони мо сармояи бузурги маънавӣ буда, ки ба мо имконият фароҳам меорад, ки имрӯз ва дар оянда низ дар фазои дӯстиву бародарии самимона кору зиндагӣ кунем».

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here