Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бахшида ба «Рӯзи Модар» дар шаҳри Левакант озмуни вилоятӣ таҳти унвони «Кани духтарон» миёни ҷавондухтарони минтақаи Бохтар доир гардид.

Максад аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, тарбияи ҷавондухтарон дар рӯҳияи зебопарастӣ, ахлоқи ҳамида, мусоидат дар маърифати оиладории ҷавондухтарон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, муаррифии шоистаи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби насли наврас ва ҷавонони ҷомеа ба эҷодкориву созандагӣ арзёбӣ гардид.

Дар охири чорабинӣ аз тарафи Раёсат ба иштирокчиён сипоснома ва туҳфаҳо тақдим карда шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here