Дар асоси “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, бо ташаббуси Вазорати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Даргоҳи ҳунар ва маърифат” оид ба муассисаҳои клубӣ доир мегардад.
Ҳадафи озмун и ҷумҳуриявии клубҳои деҳотӣ таҳти унвони «Даргоҳи ҳунар ва маърифат», бахшида ба эьлон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар доираи нақша — чорабиниҳои «Барномаи рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» доир гардида, фаъолияти муассисаҳои клубии деҳотӣ, нақши онҳоро дар ташаккули ҳисси зебоипарастӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандони мамлакат, қабл аз ҳама ҷавононро баланд мебардорад. Боз ҳам беҳтар намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, зиёд намудани теъдоди онҳо аз ҳисоби барномаҳои маърифатӣ, ғанӣ гардонидани мазмун ва такмили услуби баргузории онҳо, дарёфти истеъдодҳои нав, кашф ва ҳифзу тарғиби сарватҳои фарҳангӣ, беҳтаршавии фароғати аҳолӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандони клубҳои деҳотӣ дар вилоят мебошад.
Шартҳои Озмун
Дар доираи Озмун барои муайян намудани ғолибон ва иштирокчиёни фаъол ба масъалаҳои зерин таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад:
— муайян намудани вазъу ҳолат, таъмири биноҳо, ободонӣ ва кабудизоркунии гирду атрофи муассисаҳои клубӣ;
— муайян намудани мундариҷа ва сатҳу сифати барномаи консертӣ бахшида ба мавзӯи «Тоҷикистон, Ватан, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ» ва ғайраҳо;
— нақши маърифатии дастаҳои тарғиботӣ ва гурӯҳҳои хизматрасонии фарҳангӣ дар тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғояҳои Ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва инсондӯстӣ;
— санҷиш ва назорати сатҳу сифати ҳуҷҷатгузории муассисаҳои клубӣ, нақшаҳои корӣ, сенарияи чорабиниҳо, нақшаи фаъолияти маҳфилҳои шавқмандон, барномаҳои консертии дастаҳои худфаъолиятӣ ва ғайра;
— санҷиши фаъолияти маҳфилҳо дар назди муассисаҳои клубии деҳот;
— саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар самти ободонии муассисаҳои клубии деҳотӣ, таҳкими базаи моддию техникии онҳо, таъминот бо кадрҳои баландихтисос, ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва соҳибкорони ватанӣ бо мақсади ривоҷу равнақи соҳаи фарҳанг;
— сатҳи таъминоти муассисаҳои клубии деҳотӣ бо созҳои мусиқӣ, либосҳои саҳнавӣ, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва дигар лавозимоти зарурӣ барои фаъолияти самараноки эҷодӣ аз ҷониби бахшҳои фарҳанг ё дигар ташкилоту муассисаҳо;
— мавҷудияти кадрҳои баландихтисоси соҳа;
— сатҳи донишҳои сиёсии кормандони муассисаҳои клубӣ, такмили ихтисос;
— теъдоди чорабиниҳои гуногуни оммавӣ барои насли наврас;
— ҳамкории муассисаҳои клубӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳо, иттифоқҳои эҷодӣ ва фароҳам сохтани васоити аёнӣ (шиорҳои даъваткунанда ва навиштаҷотҳо);
— тарғиби ҳамаҷонибаи ғояҳои Ваҳдати миллӣ, дӯстию бародарӣ, ватанпарварӣ, тарбияи ҳисси омодагӣ барои ҳифзи марзу буми Тоҷикистон, инчунин дастовардҳои замони истиқлол мебошад.