Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 21 феврали соли 2019, №58 баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебошиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва сатҳи маърифати экологии сокинон, тозагии муҳити зист ва бунёд намудани гулгаштҳо озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» дар шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд.
Дар асоси низомномаи озмун ташкилоту муассиса, корхона ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб вазифадор гардиданд, ки дар доираи озмуни «Сайри гули лола» дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, назди ташкилоту муассиса ва корхонаҳои худ гули лола, садбарг ва дигар гулҳои гуногуни мавсимӣ шинонанд.
Бо ин маром, имрӯз тибқи қарор ва нақшаи тасдиқгардида, озмуни мазкур дар шаҳри Кӯлоб ҷамъбаст гардид.
Ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» аз ҳолати воқеии корҳои анҷомдодашуда дидан намуда, озмунро ҷамъбаст намуданд.
Дар натиҷа маълум гардид, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб ба ҳолати 29.03.2019 зиёда аз 23669 дона гули лола, 45083 дона гули садбарг ва 103851 дона гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, ба ҳусни шаҳр зиннату ороиш бахшидаанд.
Ҳайати озмунӣ дар қисмати ҷамъбастӣ ба беҳтаринҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин, чун шумораи истифодаи ҳарчи бештари намуди гулҳо, аз ҷумла гули лола, интихоби композитсияву дизайни ҷолиб, сифати кор ва ҳолати нашъунамо, ки аз дигарон бартарӣ доштанд, ҳамчун ғолиби озмун дониста шуданд.
Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб сазовори ҷойи якум, Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сазовори ҷойи дуюм, Бонки миллӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Корҳои ободониву созандагӣ, чароғонкунии шаҳру деҳот, тозаву озода ва сарсабзу хуррамгардонии кӯчаву маҳаллаҳо дар шаҳри Кӯоб бо ҳисси баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ рушд ёфта истодааст.