Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.2018, №АП-1140 ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 21.02.2019, №58 «Дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021» қарори раиси шаҳр ба тасвиб расида, корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар шаҳр вусъати тоза гирифт.
Ҳадафи асосии озмун ин тарбияи ҳисси баланди зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, хуррамгардонӣ, зебоишиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, сатҳи маърифати экологии сокинон ва тозагии ҳифзи муҳити зист мебошад.
Ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» аз ҳолати воқеии корҳои анҷомдодашуда дидан намуда, озмунро ҷамъбаст намуданд.
Дар гузаронидани корҳои ободонӣ, гулшинонӣ ва кабудизоркунӣ саҳми КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», ҶСК «Нуриҳои Осиё», Раёсати молия, КИ ҲХДТ дар шаҳр ва ШВКД дар шаҳр назаррас мебошад.
Имрӯзҳо намудҳои гуногуни гули лола, виола, маргарита, календула, садбарг, юка, бобуна, кала, салвия, мадина, гейлардия ва дигарон гулгаштҳо ва кӯчаҳои шаҳрро оро дода истодаанд.
Кумитаи тадорукот ғолибони озмунро муайян намуда, ба даври вилоятӣ пешниҳод намудаанд.