Рӯзи 22 декабри соли равон бо ташаббуси КВДҶ «Тоҷикагролизинг» дар идораи минтақавии  он, ки дар ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ қарор дорад, миёни навоварону ихтирокорони шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб озмун оиди техникаю олотҳои кишоварзӣ баргузор гардид. Навоварону ихтирокорони минтақа, ки аз шаҳрвандони синну соли мухталиф иборат буд, маҳсули заҳмати худро манзури иштирокчиёни озмун намуданд. Дар озмун хонандагони макотиби минтақа хеле фаъол буданд ва маҳсули дасти онҳо диққати иштирокчиён ва масъулони озмунро беш аз ҳама ба худ ҷалб намуд. Ихтирокорони калонсоли ноҳияҳои Балҷувону Восеъ тракторҳои хӯрди худро, ки аз таҷҳизотҳои гуногуни техникаҳои аз истифодамонда бунёд кардаанд, манзури иштирокчиёни озмуна намуда, аз ҷониби онҳо баҳои баланд гирифтанд. 

  Сарвари КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода ва раиси ноҳияи Восеъ Мӯсо Ғафурзода ба маҳсули дасти ихтирокорони минтақа баҳои баланд дода, онҳоро бо ифтихорномаю дигар мукофотҳои молӣ қадрдонӣ намуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here