Бохтар. Имрӯз дар назди Кохи Лоҳутии шаҳри Бохтар бахшида ба соли 2018, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «намоиши ҳунарҳои мардумӣ» миёни маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид. Дар намоиши мазкур ҳунарҳои мардумии халқ ва маҳалҳои гуногуни Тоҷикистонро нишон доданд. Ҳар як маҳалла либосҳои гуногуни миллӣ, гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, бофандагӣ ва хӯрокҳои миллиро дар сатҳи баланд пешкаш карданд. Ин ҷо бештар маҳсули дастранҷе пешниҳод шуд, ки аз таърихи тоҷикон ва урфу одати қадима бозгӯ мекунад.
Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар наврасону ҷавонон бо шеъру суруд ва суханони баландмазмун оид ба мавзӯи «ҳунарҳои мардумӣ ва истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ» истиқбол карданд. Сипас гурӯҳи корӣ аз рафти намоиши анвои хӯрокҳои миллӣ, либос, гулдӯзӣ, ҳанарҳои халқӣ ва хонаи мардуми минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дидан намуданд. Ҳамаи намоишҳо сазовори баҳои баланди аъзоёни комиссия буданд. Зеро намоиши мазкурро бо маҳорати баланд пешкаш карданд. Ҳар як маҳалла сайъ кард, ки намоиши худро мувофиқи матлаб пешкаш намояд. Илова бар ин, ҳангоми дидан кардан аз намоиши ҳар як маҳалла он ҷо суруду мусиқӣ, рақс ва анъанаҳои гуногуни маҳаллаҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон нишон дода мешуд. Махсусан баргузории тӯйҳои арусӣ ва дастурхони идонаи мардум бо маҳорати баланд пешкаш гардид.
Гурӯҳи корӣ бо дидан намудан аз намоишҳои номбурда ба онҳо баҳои сазовор дод. Қайд карда шуд, ки раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим доиман баҳри дастгириву кӯмак ва муҳайё намудани шароит барои ҳунармандон аз имкониятҳои мавҷуда истифода карда, ба ин масъала таваҷҷӯҳи махсус дорад. Ин аст, ки озмун ва ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун пайваста дар шаҳри Бохтар баргузор шуда истодааст. Барои соли 2018 ва 2019 баргузории чунин чорабиниҳо нақшагузорӣ гардидаанд, ки доиман бо ҷалби ҳунармандони шаҳр гузаронида мешаванд.