Рӯзи 28 марти соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 –и шаҳри Левакант озмуни «Луғатдони беҳтарин» баргузор гардид.

Озмун дар асоси низмонома бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, дарёфт намудани хонандагони болаёқат, баланд бардоштани меҳру муҳаббат нисбати осори адибони гузаштаи тоҷик ва бой намудани таркиби луғавии  хонандагон мебошад.

Дар озмуни мазкур зиёда аз 21 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзида, 3 нафар хонандагон созовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Ғолибон бо ифтихорномаи бахши маориф сарфароз гардонида шуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here