Имрӯзҳо дар асоси фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.07.2018, №116 ва фармоиши сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон аз 28.08.2018 таҳти №44 бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 26-солагии Парчами миллии Тоҷикистон ва бахшида ба эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо таҳти унвони “Чароғи ҳидоят” аз 05.09.2018 дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Ҷ.Балхӣ, Дӯстӣ, Бохтар, Левакант ва Қубодиён, доир гардид, ки озмун то 10.10.2018 идома дорад.