Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттило медиҳад, ки рӯзи 23 августи соли 2018 озмуни ҷумҳуриявии бонуи соҳибкори сол «Фараҳ-2018» баргузор гардид, ки 16 нафар аз соҳибкорзанони вилояти Хатлон ба даври нимфиналии ин озмун роҳ ёфта буданд, ки инҳо Назирова Раъно, Раҷабова Инобат, Бурҳонова Шаҳло, Раҷабалиева Файзигул, Умедаи Маҳкамзода, Зулайхо Тиллоева, Раҷабгул Сафармуратова ва дигарон мебошанд.
Хушбахтона, Шоҳҷоизаи «Фараҳ–2018» насиби соҳибкорзан аз ноҳияи Ёвон Тиллоева Зулайхо роҳбари хоҷагии деҳқонии «Зулайхо» гардид, ки туҳфаи пули ба маблағи 100000 ҳазор сомонӣ қадрдони гардонида шуд.