Имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқоти худ бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоят аҳли қаламро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат вобаста ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.
— Инъикоси заҳмати соҳибкорон, бинокорон, фаъолияти раисони маҳаллаҳо ва ҳамаи онҳое, ки дар корҳои ободонӣ саҳм мегузоранд, рӯҳияи мардумро баланд мебардорад, — зикр кард раиси вилоят. — Аз ин рӯ, вобаста ба инъикоси дастовардҳои аҳли заҳмати Хатлонзамин бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар байни рӯзноманигорон озмуни эҷодӣ баргузор хоҳем кард.
Ба ғолибони ин озмун дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ имсол ва соли 2021 ҷоизаи тасдиқшуда супурда хоҳад шуд.
Барои ғолиби ҷойи якум – 10 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дувум 5000 ва барои ҷойи сеюм 2500 сомонӣ ҷоиза аз рӯйи якчанд номинатсия тақдим хоҳад шуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон