Рӯзи 16-17 октябри соли равон дар асоси фармоиши  шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 21 июни соли 2018 таҳти №45 оид ба гузаронидани озмуни вилоятӣ таҳти унвони «Нақши оила дар соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Беҳтарин ҳусни хат» бахшида ба эълон намудани соли 2018 «Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд, дар бахшҳои САҲШ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, доир гардонида шуд.

  Мақсад аз баргузории озмун ин баланд бардоштани нақши оила ва маърифати касбии кормандони мақомоти САҲШ-и вилояти Хатлон ва Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, бедор намудани худшиносиву худогоҳӣ ва  масъулиятшиносӣ дар фаъолияти кормандони мақомоти САҲШ ва беҳдошти идоракунии соҳа, зебопарастӣ дар мақоми корӣ, ороишоти бино ва ҳуҷраҳои кори шуъба ва бахшҳои САҲШ, омӯзиш ва азбар намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори соҳаи САҲШ ва фарҳанги ниёгон, вусъат бахшидан ба ташкили бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дуруст, хоно, равшан ва зебо хонапурӣ кардани ҳуҷҷатҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷиҳати татбиқи самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қоидаи имлои забони тоҷикӣ, мебошад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here