Имрӯз дар толори қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши бузургу хотирмон баргузор гардид.

 Раиси шаҳри Кӯлоб кулли ҷавонони шаҳри Кӯлобро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ, бахту саодат, рӯзгори ободу осуда ва комёбиву бурбориҳо орзу намуд.

 Қайд гардид, ки ҷавонон зиёда аз 60 % аҳолии кишварро ташкил намуда, -Пешвои муаззами миллат ба ин қишри ҷомеа як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавонкунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосирро муҳайё намудааст.

 Дар баромади хеш раиси шаҳр аз донишҷуёни фаъолу ихтироъкор ва варзишгарони варзида ёдовар шуда, аз ҳамаи ҷавонони шаҳр хоҳиш намуд, ки дар равандҳои ба амал омада истода ва дигаргуниҳои азиме, ки кишварамонро интизоранд, хиссаи бебаҳои худро гузоранд.

 Ҳамзамон раиси шаҳр оид ба масъалаҳои ташвишовари ҷомеа даҳшатафканӣ ва терроризм, ташкилкунандаи ҳама ҷангу ҷидолҳо ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз тарафи хоҷаҳои хориҷии худ сарпарастӣ мешавад, мубталошавии ҷавонон ба бемории Вируси норасоии масъунияти одам, ҳодисаи нангини ба худкушӣ даст задани як зумра ҷавонони бетаҷриба, ба бар кардани либосҳои бегона ва дигар масоили муҳими марбут ба ҷавонон гуфта гузашт.

 Таъкид карда шуд, ки мо ҷавононро бояд тавре тарбия намоем, ки ба номи миллату давлат сазовор бошанд ва нагузоранд, ки душманони миллат ин ватани биҳиштосои моро барои мақсадҳои нопоки худ истифода баранд.

Ба як зумра ҷавонони фаъол ифтихорнома ва туҳфаҳои раиси шаҳр дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

 Сипас ҷавонон дар фазои сулҳу суботи кишвар шеъру таронаҳо хонда меҳру садоқати хешро нисбати ватану сарзамини биҳиштосои хеш изҳор намуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here