Дар театри ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим ва дигар масъулон бо мақсади нақшагузорӣ намудани омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷамъомад инчунин пешсафон, соҳибкорони муваффақ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳалла ва сокинони фаъоли шаҳр ширкат доштанд.
 Ёдовар меградем, ки бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ва таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 таҳти № АП – 1059 қабул гардидааст. Дар асоси амри мазкур санаи 26 майи соли ҷорӣ ҷаласаи кории назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, вобаста ба таъмини иҷрои он тамоми вазорату кумитаҳо, идораҳо, роҳбарони мақомотҳои марказӣ ва маҳаллӣ вазифадор карда шудаанд, ки барои рушди деҳот ва фароҳам овардани шароит дар маҳал тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
 Илова бар ин қарори раиси шаҳр аз 11 июни соли 2018, «Дар бораи омодагиҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, шахсони масъул аз ҳисоби муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаю идораҳои шаҳрӣ дар ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ шомил карда шудаанд. Инчунин, дар ин самт 8 зергурӯҳҳо таъсис дода шуда, ба ҳайти зергурӯҳҳо 14 нафарӣ аз ҳисоби сохторҳои дахлдор бо қарори раиси шаҳр шомил карда шуда, ба рӯйхати зергурӯҳҳо роҳбарони соҳаҳои Идораи замин, меъморию шаҳрсозӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, хоҷагии манзилию коммуналӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, телевизион, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шуроҳои ҷамъиятӣ, ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шӯрои кӯҳансолон, омӯзгор-таърихшиносон аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав ва иттифоқҳои касабаи соҳаҳои маорифу тандурустӣ дар шаҳр, ворид карда шудаанд.
 Раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим меҳмононро шинос намуд. Сипас оид ба мавзӯи асосии ҷамъомад ва фаъолияту дастовардҳо дар шаҳри Бохтар баромад кард. Изҳор дошт, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни арзишмандтарини Тоҷикистон сохтмони зиёда аз 120 биною иншоотҳои муҳими иҷтимоию истеҳсолӣ ва коргоҳҳои хурду бузург дар назар буда, дар соли 2018 20- биною иншооти ҷашнӣ, соли 2019 -35 иншоот, соли 2020- 40 иншоот ва то сентябри соли 2021 – 25 иншоот сохта, мавриди истифодаи аҳолӣ дода мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин давра сохта ба истифода додани 25 биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, сотмони биноҳои маъмурӣ, маркази ташхисию табобатӣ, муассисаи томактабӣ, кохи фарҳангии замонавӣ, марказҳои хизматрасонӣ, сехҳои дӯзандагӣ, сохтмони мактаб барои 1200 хонанда дар як баст, корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва истеҳсоли меваю сабзавот, сардхонаҳо, нуқтаҳои фурӯш, сохтмони маркази перинаталӣ дар шафати беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бури Воҳидов,сохтмони маркази бемороиҳои қалб, сохтмони бинои 12-ошёнаи бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба нақша гирифта шуда, сохта мавриди истифода додани онҳо симои шаҳри Бохтарро боз ҳам зебо ва назаррабо менамояд. Ман боварии комил дорам, ки дар ин толор соҳибкорону саховатмандон ба монанди Нусратулло Файзуллоев, Соҳибов Зубайдулло, Соҳибов Маҳмадраҳим, Соҳибов Зоир, Валӣ Сироҷ, Убайдуллоев Сафаралӣ, Ҳайдар Шариф, Валиев Баҳриддин, Қаҳҳоров Зайнулло ва даҳҳо мардони саховатпешаю эҳсонкор, ки дар рушду нумуи шаҳри Бохтар ҳамеша саҳмгузоранд, иштирок доранд ва онҳо низ тасмим гирифтаанд, ки то давраи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси созандагию бунёдкориашон дар ободонии шаҳри Бохтар саҳми босазои худро мегузоранд.
 Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар хусуси мақсади асосии баргузории ҷамъомад, нақша-чорабиниҳо, кор бо гурӯҳҳои ташкилгардида, масъулияти шахсони вобастагашта ва дигар самтҳои алоқаманд ба мавзӯъ ибрози назар намуд.
 Дар охир суолу ҷавоби озод бо соҳикорон ва пешсафони шаҳри Бохтар доир гардид. Дар ин сӯҳбати озод аксарияти иштирокдорон озодона фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро пешкаш намуданд. Онҳо аз нақшаву ниятҳояшон ёдовар гардиданд. Чанде аз онҳо қайд дошт, ки то фаро расидани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои баландошёна, ҳамомҳои наву замонавӣ, толорҳои гуногун, мағоза, сартарошхона, дорухона то таҷлили ҷашн мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гиранд.
 Баъд аз ҷамбасти ҷамъомад дар алоҳидагӣ бо гурӯҳҳои корӣ вохӯрӣ гузаронида, нақшаҳои минбаъдаро баррасӣ ва вазифагузорӣ карданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here