Гурӯҳи корӣ бахшида ба омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, муовини раиси вилояти Хатлон ва раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим ва дигар аъзоёни гурӯҳ аз иншоотҳои омодашаванда бахшида ба 30 –солагии истиқлолият дидан карданд.

 Онҳо на танҳо рафти сохтмонҳо, балки гӯшаву канори шаҳр, гирду атрофи ташкилоту муассиса ва корхонаҳоро аз назар гузаронида, баҳри иҷрои нақша ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулон дастуру супоришҳои қатъи доданд. Гуфта шуд, ки бояд зина ба зина ба 30 –солагии истиқлолият шаҳри Бохтар омода гардад. Кӯшиш кардан лозим аст, ки нақшаҳо мувофиқи матлаб иҷро гарданд ва аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода бурдан ҳатмист. Дар баробари дигар гӯшаву канори шаҳр аз маҳаллаи Хатлон низ дидан намуда, ба тозагиву озодагӣ ва ҳолати нигоҳдошти боғи марказии маҳалла баҳогузорӣ карданд. Дар вобаста ба тарҳи дигар гирифтани боғ ва нимпайкараи маҳаллаи Хатдон ба масъулон дастуру супоришҳо дода шуд. Кори гурӯҳи кории мазкур дар дигар гӯшаву канори шаҳри Бохтар идома дорад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here