Дар ноҳияҳои Восеъ ва Шамсиддин Шоҳин, бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ  ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои минтақа, тавассути шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи  Кӯлоб ва зерсохторҳои он дар ноҳияҳои мазкур, машқу тамринҳо гузарониданд. Дар чорабинӣ шаҳрвандону кормандони ташкилот ва муассисаҳои ноҳияҳои номбурда, иштироки фаъолона карда, дар ҷараёни он кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, баҳри пешгирӣ ва рух надодани ингуна ҳодисаҳои нохуш тавсияву маслиҳатҳо доданд ва роҳҳои наҷот  ёфтан аз ин ҳодисаҳоро ба таври амалӣ манзури иштирокчиён намуданд.  

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here