11 октябри соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ, аз тарафи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба як қатор соҳибкорон, шахсони саховатпешаи шаҳру ноҳияҳо ба монанди Мирзоев Илҳом, Ғуломзода Акбар, Маҳмуродзода Ғайратшоҳ, Ашуриёни Муҳаммад, Маҳмудшехов Осимҷон, Пиров Раҷабалӣ, Давлатзода Султонмурод, Зарипов Озар, Давлатов Ҳабибулло, Сафаров Зафар, Муродов Фирдавс, Маҳдусти Азим, Олимов Раҳмоналӣ, Саидов Амрохон, Одинаев Файзимат, Абдулҳаева Махтумбӣ, Кабиров Авазхон ва Шарипов Шайдулло, ки саҳми арзандаи худро дар бунёди биною иншоотҳои ҷашнӣ аз қабили бунёди корхонаи насоҷӣ, чароғонкунӣ, бунгоҳи тиббӣ, Парчаму Нишони давлатӣ, колеҷи тиббӣ, беморхона, маркази хизматрасонӣ, китобхона, толори варзишӣ, корхонаи парандапарварӣ, боғчаи кудакон, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи сеюми соли 2021 гузоштаанд, ба озмуни вилоятии «Ободгари Ватан» пешниҳод гардида, бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва туҳфаи хотиравӣ қадрдони карда шуданд.