Мувофиқи низомномаи тасдиқнамудаи Раиси ноҳия ҷиҳати мусоидат ба мусобиқаи варзишӣ аз руи намуди футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми раиси ноҳия ” аз санаи 6 то 17 август дар майдонҷаи варзишии нав ба истифода додашудаи боғи фарҳангӣ фароғатии ноҳия мусобиқи “Футболи хурд” баргузор гардид.

  Дар мусобиқа 18 даста аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои ноҳия тибқи ҷадвали муайян гардида қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷа ҷои аввал насиби дастаи қисми низомии 0305, ҷои дуюум насиби дастаи ШВКД дар ноҳия ва ҷои сеюум насиби дастаи Прокуратураи ноҳия гардид.

  Мақсад аз ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, бояд хотирнишон намуд, ки ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғиби тарзи ҳаёти солим, варзиш, дуст доштани Ватан, барпо кардани оилаи устувор, омодагии касбӣ барои ҷавонон яке аз арзишҳои судманд буда дар солимии ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳаки асосӣ ба шумор меравад.

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here