Дар маркази  ноҳияи Ҳамадонӣ бо иштироки 24 нафар шаҳрвандони 8  ҷамоати  шаҳраку деҳоти ноҳия  даври якуми  озмуни “Дастархонороӣ” доир гардид.

    Бино ба иттилои И. Набиев, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳадаф аз ташкил ва баргузории  ин озмун  дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021»  мебошад. Ин чорабинӣ имконият фароҳам меорад, ки тавассути  ҳавасмандкунии шаҳрвандон таомҳои миллӣ дар маҳалҳо эҳё гардида,  бо истифодаи сарфакории моҳирона сифати оростани дастархон дар  маъракаҳо беҳтар гардад.

   Иштироккунандагони озмун ҳакамон  ва тамошобинон беҳтарин  таомҳои  миллиро  бо тамоили  сарфакорӣ  ва  сифатан оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо,  пешкаш намуданд.

   Дар озмун  Сайрамбӣ Исломова, сокини деҳаи Коҳдараи Ҷамоати  деҳоти “Панҷрӯд” ғолиб дониста, ҳуқуқи иштирок намуданро дар даври дуюми озмун, ки дар нимаи якуми моҳи феврал дар сатҳи вилоят баргузор мегардад, ба худ касб намуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here