Дар доираи истиқбол  аз «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди раиси вилояти Хатлон бо иштироки раиси Шӯро, раиси вилояти Хатлон, аъзо ва фаъолҷавонон дар толори театри мусиқӣ-маҳзакавии вилоятии ба номи Ато Муҳаммадҷонов дар шаҳри Бохтар баргузор карда шуд.

   Пеш аз оғози баргузории Шӯро бо гузоштани гулчамбар дар пояи Шоҳ Исмоили Сомонӣ  роҳпаймоии ҷавонони вилоят таҳти унвони «Ояндаро бо Пешвои миллат месозем» сурат гирифт.

  Сипас ҷаласа Шӯрои кор бо ҷавонон таҳти раёсати раиси Шӯро, раиси виляоти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода баргузор карда шуд.

  Котиби Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди раиси вилояти Хатлон Абдуллозода Фариза оид ба фаъолияти Шӯро дар давоми 4 моҳи соли равон ҳисобот дода, иброз дошт, ки дар ин муддат ҷиҳати дастгирӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ, эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз пешгирии вируси норасоии масъунияти одам дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2117 чорабиниҳо гузаронида шудааст.

   Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз, Наврӯзи ҷавонони вилоят дар ноҳияи Қубодиён ташкил карда шуда,  боғи «Ҷавонон» бо иштироки ҷавонони вилояти Хатлон дар майдони зиёда аз 1 гектар замин бунёд гардида, дар он 415 бех ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуд.

   Дар ин муддат бо қувваи ҷавонон 285 ҳашар ва аксияҳои ниҳолшинонӣ гузаронида шуданд, 36 ҳазору 55 бех ниҳол ва гулҳои гуногун шинонида шуда, дар чорабиниҳои ободкориву хуррамгардонии муҳити зист 26 ҳазору 261 нафар ҷавонон иштироки фаъолона намуданд.

   Дар шаҳру ноҳияҳо 83 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор карда шуд, ки 2598 ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо пешниҳод гардида, 8914 нафар иштирок ва аз ин шумора 577 нафар ҷавонон соҳиби ҷойҳои корӣ гардиданд.

   Ҳамчунин котиби Шӯро роҷеъ ба дастовардҳои варзишгарони вилоят дар ин давра дар 22  мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 130  медали тилло, 146 медали нуқра, 173 медали биринҷӣ ҳамагӣ 449 медал  гардиданд.

  Инчунин варзишгарони вилоят дар 8 мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, 11 медали тилло, 6 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ ҳамагӣ  29 медал ба даст оварданд.

   Дар умум варзишгарони вилоят 141 медали тилло, 152 медали нуқра, 185 медали биринҷӣ ҳамагӣ 478 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 35 медал зиёд мебошад.

   Насриддинзода Рамазон-мудири бахши кор бо ҷавонони дастгоҳи раёсат оид ба нақши ҷавонон дар 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, гуфт, ки имрӯзҳо аз ҷониби 66 нафар ҷавонони то 30 сола 78 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода мешаванд.

Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар вилоят бо ҷалби ҷавонон идома дорад.

   Раиси Шӯро ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ, бекоршавии ақди никоҳ, ҷалби ҷавонон ба донишандӯзӣ, ҳавасмандии олимони ҷавон, мақсаднок истифодаи майдончаҳои варзишӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш масъулини раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва сохторҳои маҳаллиро мувазаф намуд, ки дар ин самт тадбирҷӯӣ намоянд.

 Дар идомаи кори Шӯро ба як зумра ҷавонони фаъол ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон, ба донишҷӯён стипендияи раиси вилоят супорида шуд.

  Ҳамчунин дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» байни ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ барои дарёфти «Ҷоми раиси вилояти Хатлон» мусобиқаи футболи хурд доир гардида, ғолибон муайян карда шуд.

  Дастаи футболи Донишгоҳ Давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав ба ҷойи аввал, дастаи футболи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зиннаи дуюм ва беморхонаи клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидов ба зиннаи сеюм мушараф гардид, ки ғолибон Ҷом, шаҳодатнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шудаанд.

  Варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 130  медали тилло, 146 медали нуқра, 173 медали биринҷӣ ҳамагӣ 449 медал  гардиданд.

  Инчунин варзишгарони вилоят дар 8 мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, 11 медали тилло, 6 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ ҳамагӣ  29 медал ба даст оварданд.

  Дар умум варзишгарони вилоят 141 медали тилло, 152 медали нуқра, 185 медали биринҷӣ ҳамагӣ 478 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 35 медал зиёд мебошад.

   Насриддинзода Рамазон-мудири бахши кор бо ҷавонони дастгоҳи раёсат оид ба нақши ҷавонон дар 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, гуфт, ки имрӯзҳо аз ҷониби 66 нафар ҷавонони то 30 сола 78 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода мешаванд.

Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар вилоят бо ҷалби ҷавонон идома дорад.

   Раиси Шӯро ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ, бекоршавии ақди никоҳ, ҷалби ҷавонон ба донишандӯзӣ, ҳавасмандии олимони ҷавон, мақсаднок истифодаи майдончаҳои варзишї ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш масъулини раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва сохторҳои маҳаллиро мувазаф намуд, ки дар ин самт тадбирҷӯӣ намоянд.

   Дар идомаи кори Шӯро ба як зумра ҷавонони фаъол ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон, ба донишҷуён стипендияи раиси вилоят супорида шуд.

  Ҳамчунин дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» байни ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ барои дарёфти «Ҷоми раиси вилояти Хатлон» мусобиқаи футболи хурд доир гардида, ғолибон муайян карда шуд.

  Дастаи футболи ДД Бохтар ба номи Н. Хусрав ба ҷойи аввал, дастаи футболи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зиннаи дуюм ва беморхонаи клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидов ба зиннаи сеюм мушараф гардид, ки ғолибон бо  Ҷом, шаҳодатнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шудаанд.

20190517_101947.jpg20190517_091443.jpg20190517_080001.jpg20190517_080041.jpg

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here