Бо мақсади пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва паст кардани шиддати хушунати оилавӣ бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ноҳияи Панҷ миёни ҷавонон мизи мудаввар таҳти унвони «Оилаи солим – ҷомеаи солим» баргузор карда шуд. Аз тарафи масъули Раёсат омил ва сабабҳои асосии пайдоиши хушунати хонаводагӣ ба ҳозирин фаҳмонида шуда, барои сари вақт бартараф намудани он маслҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуд. Дар охири чорабинии мазкур ба иштирокчиёни фаъол ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон супорида шуд.