Сарвазири мамлакат Коҳир Расулзода дар доираи сафари кории дурӯзаи худ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз шаҳри Кӯлоб дидан намуд.

Нахуст, Сарвазири мамлакат бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз вазъи сойи Тебалай, ки саргаҳаш аз дараи кӯҳии деҳаҳои Дараи об, Тебалай, Мумирак ва Турконӣ оғоз ёфта, аз байни шаҳр гузашта, ба Кӯлобдарё (Сиёҳоб) мерезад, дидан намуд. Тибқи маълумоти Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб, дар соли 2019 ва аввали соли 2020 бо дастгирии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ барои пешгирӣ ва барқарор намудани офатҳои табиӣ дар маҳаллаи 8-уми шаҳр, ки оби сой мегузарад, корҳои заминӣ дар ҳаҷми 2140 м3 ва тахтасангҳои бетонӣ дар ҳаҷми 72 м3 ба анҷом расонида шудааст. Дарозиии сойи Тебалай 23 км-ро ташкил медиҳад. Дар баҳорон сероб ва дар тобистон хушк мегардад.

Соли 2010 аз дарёи номбурда бо омадани сели борон ба хоҷагиҳои мардуми шаҳри Кӯлоб хисороти зиёди ҷонию молӣ оварда буд. Баъди бартараф кардани хисороти офати табиӣ бо супориши Сарвари давлат барои осебдидагон хонаҳои нави истиқоматӣ бо бунёди қитъаҳои нав таъмин карда шуданд.

Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода инчунин, дар рафти сафари корӣ аз мавзеи сойи Зиракӣ ва дарёи Ёхсу дидан намуданд. Тибқи маълумоти Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб, дар мавзеи фурудгоҳ корҳои заминӣ дар ҳаҷми 21820 м3, тахтасангҳои бетонӣ дар ҳаҷми 405 м3 ва дар мавзеи Минтут корҳои заминӣ дар ҳаҷми 2140 м3, тахтасангҳои бетонӣ дар ҳаҷми 208 м3 ба анҷом расонида шудааст.

Зимни сафари корӣ дар баробари боздид намудан аз вазъи соҳилмустаҳкамкунӣ аз сойи Тебалай, сойи Зиракӣ ва дарёи Ёхсу, инчунин аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлигии сокинонони Ҷамоатҳои деҳоти “Зиракӣ” ва “Кӯлоб”-и шаҳри Кӯлоб дидан намуданд.

Нахуст, аз замини наздиҳавлигии Қурбоналӣ Сафаров, боздид карданд. Мавсуф, ки ихтисосаш китобдор буда, падари 8 фарзанд аст, дар 5 сотих замини наздиҳавлигиаш картошка, помидор, қулфинай ва гул шинондааст. Тибқи маълумоти ӯ, ҳар сол то 50-60 кг лӯбиё ҳосил мегирад.

Сарвазир ва раиси вилоят инчунин аз замини наздиҳавлигии Собирҷон Маҳмадиев, ки дар деҳаи Саричашмаи Ҷамоати деҳоти “Кӯлоб” ҷойгир аст ва дар 6 сотихи наздиҳавлигӣ лӯбиё, қаланфури болгарӣ ва тезак, боимҷон, сирпиёз, редиска ва картошка парвариш кардааст, дидан намуданд. Дар замини боқимонда боғ рӯёндааст. Дар боғ дарахтони мевадиҳанда ва токи ангур парвариш меёбад.

Баъдан, аз хоҷагии деҳқонии «Юнусҷон» дидан намуданд. Хоҷагии мазкурро Каримов Амирбек сарварӣ мекунад. Майдони умумии хоҷагӣ 2,15 гектарро ташкил дода, аз ин миқдор 0,50 га гулкарам, 0,50 га помидор, 1 га – пиёз, 0,15 га каду ва дигар намуди сабзавот кишт кардааст. Айни ҳол 5 нафар коргарони доимӣ ҷалб карда шудаанд. Аз соли 2019 инҷониб фаъолият карда истодааст.

Зимни боздид намудан, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шаҳрвандоне, ки аз заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода мебаранд, мулоқот намуда, оид ба аҳамияти захираи маводи озуқа бахусус дар вазъи баамаломадаи имрӯзае, ки дар ҷаҳон ҳамаро ба ташвиш овардааст, таъкид намуд. Инчунин, ба раисони ҷамоатҳо дастуру супоришҳои Пешвои миллатро ёдовар гардида, оид ба истифодаи ҳар як ваҷаб замини бекорхобидаро бори дигар гӯшзад намуд. Дар бораи тавсияи духтурон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ва истеъмоли маҳсулоти дохилӣ ва афзун намудани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ тавсияҳои судманд дод.

Гузориши видеоиро ин ҷо бубинед:

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон