Сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон имрӯз, 21 апрел, аз боздид аз ҷараёни сохтмони роҳи Хуросон–Бохтар оғоз гардид.
Сарвазир ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҳолати татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи Душанбе-Бохтар шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бо сарчашмаҳои маблағгузории ва маблағи умумии марҳилаи якуми лоиҳа (ба ҳолати 20 апрели соли 2020) чунин аст:
— гранти Бонки Осиёгии Рушд — 90 млн. доллари ИМА
— ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — 17,5 млн. доллар ИМА
— маблағи умумӣ — 107,5 млн. доллари ИМА
Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2018 оғоз гардида, анҷоми корҳои сохтмонӣ тирамоҳи соли 2021 пешбинӣ шудааст.
Бо дастури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар” марҳилаҳои 1 ва 2 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шафати роҳ 2220 бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шудааст.
Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон инчунин аз кишти зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Фахри Истиқлол»-и ноҳияи Хуросон дидан карданд.
Хоҷагии мазкур дорои 14 гектар замин буда, ба парвариши кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, картошка, пиёзи барвақтӣ, сабзавот, ба мисли помидор, бодиринг, қаланфур ва хӯроки чорво машғул мебошад.
Кишти пахта дар майдони 10 га замин ба роҳ монда шуда, айни ҳол коркарди агротехникӣ ва нармкунии байни қаторҳо рафта истодааст.
Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Хуросон инчунин бо таҷрибаи парвариши сабзавоти барвақтӣ дар заминҳои наздиҳавлигии Қурбонов Абдуалим, ки дар замини ҳавлияш картошка ва сирпиёз кишт намудааст, шинос гардида, онро мактаби намунавӣ барои ҳар як хонадони заминдор номиданд.
Сарвазир дар мулоқоти сарироҳӣ бо сокинони ноҳия онҳоро ба истифодаи оқилонаву самараовари замин, бардоштани ду-се ҳосил, сарфаю сарриштакорӣ даъват намуд.
Дар ин сафари дурӯза Сарвазири мамлакатро роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон