Имрӯз, 28 апрел, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, раванди корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ноҳияҳои Фархору Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сафари корӣ анҷом дод.
Сарвазир Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар Фархор аз кишти зироатҳои кишоварзӣ ва парвариши сабзавотҳои бавақтӣ дар гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Бахтиёр-01» боздид намуданд. Хоҷагии мазкур дорои 8 гектар замин буда, ба кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, картошка, сабзавот машғул мебошад. Ҳамчунин дар хоҷагӣ дар майдони 0,09 гектар гармхонаи доимамалкунанда фаъол мебошад. Дар гармхона кишти бодиринг, помидор ва дигар зироатњо анҷом дода шудааст.
Кишти пахта дар майдони 6 га замин ба роҳ монда шуда, дар 1,5 га гандум, 0,4 га юнучқа, 0,2 картошка кишт шудааст.
Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин аз заминҳои наздиҳавлигии Амиралӣ Исломов, Шарофиддин Бобоев ва хоҷагии деқонии «Навкорам» дар ноҳияи Фархор, инчунин хоҷагии деҳқонии “Мақсудҷон”-и Ҷамоати деҳоти “Чубек”-и ноҳияи Ҳамадонӣ дидан намуданд.
Хоҷагии мазкур дорои 5 гектар замин буда, дар 2 гектари он боғи мевадиҳанда бунёд гардидааст. Кишти пахта дар майдони 2 гектар замин ба роҳ монда шуда, айни ҳол коркарди агротехникӣ ва нармкунии байни қаторҳо рафта истодааст. Дар 1 гектар гандум, 0,20 гектар пиёз ва дар қитъаи боқимонда зироатҳои лубиёгӣ, помидор, бодиринг ва дигар сабзавот парвариш ёфта истодаанд.
Дар хоҷагии мазкур 10 нафар саҳмдор фаъолият намуда, дар мавсим аз замини хоҷагӣ 2-3 ҳосил мерӯёнанд. Ба қавли роҳбари хоҷагӣ Рустам Қосимов, даромади хоҷагӣ дар як сол 40-50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин хоҷагӣ Сарвазир ва раиси вилояти Хатлон бо кишоварзон доир ба истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, афзалият додан ба кишти картошка, зарурати захираи маводи озуқа, саҳмгузорӣ дар таъмини бозори истеъмолӣ суҳбат оростанд.
Сафари корӣ алҳол идома дорад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон