Имрӯз, 20 август, дар пахтазори ҶДММ «Водии заррин», воқеъ дар деҳаи Навкор пахтачинон ба кор шурӯъ карданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ҳолпурсии онҳо омада, барояшон саломатӣ ва барори кор хостанд.
Ба гурӯҳи бонувони пахтачин ва чанде аз солмандони деҳа раиси вилоят ҳадяҳо супурданд.
ҶДММ Иттиҳодияи аграрии «Водии заррин» дар майдони 120 гектар замин пахтаи хушсифатро парвариш кардааст.
Мавсими чиниши ҳосили «тиллои сафед» дар навоҳии Шаҳритуз ва Дӯстии вилояти Хатлон низ оғоз гардидааст.