Аз рӯйи маълумоти оморӣ, ҳамасола ҳудуди 60 фисади маҳсулоти кишоварзии мамлакатро сокинони вилояти Хатлон истеҳсол карда, дар фаровонии бозори истеъмолӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон аллакай кишоварзон ҳосили якчанд намуди зироатҳоро ҷамъоварӣ намуда, кишти такрории зироатҳоро анҷом медиҳанд.

Сокинону кишоварзони ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон дар самти истифодаи босамари ҳар ваҷаб замини корам таҷрибаи бой дошта, баҳри рӯёнидани ду-се ҳосил дар як сол талош менамоянд.

Имрӯзҳо деҳқонон баробари сари вақт анҷом додани кишти асосӣ, ҳамчунин баҳри ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои дар давраи тирамоҳ кишткарда кӯшиш намуда, ният доранд, ки дар кишти такрорӣ низ аз заминҳои холигашта васеъ истифода баранд.

Гузориши ТВ «Тоҷикистон» аз раванди корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Шаҳритус