Ноҳияи Дӯстӣ аз ҷиҳати таҳдиди ҳолатҳои фавқулода аз қабили баландшавии сатҳи оби дарёи Вахш ва омадани сел аз доманакӯҳҳо осебпазир мебошад.
Тибқи Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода аз 26 феврали соли 2019 аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ 10000 (даҳ ҳазор) литр сӯзишвории дизелӣ ва 100 (сад) метр симтаноб ворид карда шуд, иттилоъ дод, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Дӯстӣ, майор Х. Сатторзода.
Манбаъ қайд намуд, ки корҳои пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Пасариқи Ҷамоати деҳоти Гардӣ Гулмуродов аз санаи 7 майи соли 2019, оғоз гардида, бо ҷалби техникаҳои боркашонии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, инчунин техникаҳои таъминнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, то санаи 16 майи соли 2019, идома ёфт.
Дар рафти гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз мавзеи Оқҷар зиёда аз 1000 куб сангҳои калонҳаҷм кашонида шуда, дар мавзеи мазкур ба масофаи 210 метр рехта шуд.