Коллективи кормандони Раёсати истеҳсол, паҳнкунӣ ва намоиши филмҳо, иҷозатномадиҳӣ ва назорати маводҳои аудиовизуалӣ дар вилояти Хатлон дар доираи супоришҳои роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамчунин муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба ифтихори ҷашни таърихии миллат яъне Наврӯзи байналмиллалӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат ба корҳои ободонию созандагӣ мешғул мебошанд.

Аҳли Раёсат дар гирду атрофии бинои кинотеатри ноҳияи Вахш ва бинои кинотеатри ба номи М.Горький ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳашари дастаҷамона намуда ба нарм кардани гирди дарахтон тозаю озода намудани он кор намудаанд.

Чунин корҳои ободонӣ ва сарсабзу хурамгардониро аҳли кормадони Раёсати муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар вилояти Халон пешаи худ намуда минбаъд низ идома хоҳанд дод.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here