Дар “Хонаи бахт”- и шаҳри Кӯлоб дар хусуси мустаҳкамии оила, ба хусус оилаҳои имрӯзаи ҷавон, ҷамъомад баргузор гардид.
Яке аз фаъолаҳои шинохтаи шаҳру деҳоти Кӯлоб Саъбагул Валиева дар ҷамъомад иброз намуд, ки Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун асоси ҷамъият дониста, кафолати ҳимояи онро ба ӯҳда дорад. Барои солим будани оилаҳо ва рафъи косташавии маърифати оиладорӣ талошҳои давлату ҷамъият ва муассисаҳои таълимию шаҳрвандон зарур аст. Зеро ободии оила бақои давлат аст ва солимии он барои бунёди давлати соҳибтамаддун ва ҷомеаи шаҳрвандии муосир накши назаррас дорад.
Муъмина Иброҳимзода, мудири бахши сабти ҳолатҳои шаҳрвандии шаҳри Кулоб дар идома арз карданд, ки муноқишаҳои оилавӣ асосан дар оилаҳои носолим бо баҳонаҳои ночиз, ҷанҷоли байни зану шавҳар, хушдоману келин, фарзандони нохалафу бадахлоқ сар мезанад, ки оқибат ба ҷудошавии оилаҳо, хусусан оилаҳои ҷавон оварда мерасонад. Аз рӯи маълумотҳо сини бештари оилаҳои ҷудошуда аз 18 то 25 солро ташкил медиҳад. Ҷудошавии навхонадорон бештар аз муҳити оила вобастагӣ дорад. Хуб мешуд, ки ҷавонон дар оиладоршавӣ ва муносибатҳои оиладорӣ аз шахсони калонсол ва рӯзгордида маслиҳату ибрат мегирифтанд,- қайд намуд дар поёни суханронии худ М.Иброҳимзода.