10 соҳибкори маҳаллӣ дар вилояти Хатлон сазовори ҷоизаи вилоятии “Ободгари Ватан” шуданд.
Имрӯз, 8 июл, дар шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода маросими тантанавии тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни вилоятии “Ободгари Ватан” баргузор гардид.
Озмуни мазкур тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 12 феврали соли 2019, №41, бо мақсади қадршиносӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорон ва шахсони саховатпешае, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои ободонию созандагии сатҳи маҳал саҳми намоён мегузоранд, баргузор гардида, ҳар семоҳа ғолибони он муайян карда мешаванд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Низом Мирзозода зимни эълони исми ғолибон гуфт, ки кумитаи тадорукоти озмуни вилоятии “Ободгари Ватан” дар натиҷаи баррасии маводи довталабон аз шаҳру ноҳияҳо, 10 нафари онҳоро ғолиби озмун донистааст.
Ҳамин тавр, нафарони зерин ҷоизаи вилоятии “Ободгари Ватан”-ро ба даст оварданд:
1. Шомаева Моҳира – соҳибкор аз шаҳри Бохтар, барои бунёди маркази саломатии 5-ошёна.
2. Асадуллозода Холмурод – соҳибкор аз шаҳри Бохтар, барои бунёди бинои иловагии муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ”.
3. Ҳабибуллоев Абдулмаҷид – соҳибкор аз ноҳияи Кӯшониён, барои бунёди Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия.
4. Атовуллоев Илҳом – соҳибкор аз ноҳияи Хуросон, барои бунёди бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Томчӣ.
5. Достиев Холназар – соҳибкор аз ноҳияи Шаҳритуз, барои бунёди иншооти бисёрфунксионалӣ, тӯйхона ва маркази хизматрасонӣ.
6. Аюбов Тағайхуҷа – соҳибкор аз ноҳияи Восеъ, барои бунёди майдончаи варзишӣ.
7. Маҳмудов Сайидхоҷа – соҳибкор аз ноҳияи Фархор, барои бунёди сехи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ.
8. Чиллазода Акмалҷон – соҳибкор аз ноҳияи Данғара, барои бунёди меҳмонхона ва ҳаммоми замонавӣ.
9. Кабиров Шариф – соҳибкор аз ноҳияи Дӯстӣ, барои бунёди китобхонаи оммавӣ ва маркази хизматрасонӣ.
10. Алиева Зулхумор – соҳибкор аз ноҳияи Ёвон, барои бунёди Маркази хизматрасонии дуошёна, хатти оби нӯшокӣ ва пули мошингузар дар Ҷамоати деҳоти “Обшорон”.
Ҳамаи соҳибкорон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо Сипоснома ва мукофоти хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон