17-уми феврали соли ҷорӣ Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву бунёдкорӣ, омодагӣ ба кишти баҳорӣ, вусъат бахшидани ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, боздид аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба гурўҳи навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон сафари корӣ доштанд. Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакатро раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ва дигар меҳмонони расмӣ ҳамроҳӣ доштанд.
Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ва дигар ҳайати расмӣ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51 – и ноҳияи Хуросонро мавриди ифтитоҳ қарор доданд. Бинои таълимӣ аз 8 синфхонаи иловагӣ иборат буда, бо маблағгузории Ташкилоти ҷамъиятӣ — хайриявии «Тавҳид» аз ҷониби ҶДММ «Лоиҳаҳои меросӣ» бунёд гардидааст. Ин муассисаи таълимӣ дар деҳаи Ҳақиқати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон ҷойгир аст. Мавриди зикр аст, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51 дар масофаи 3,5 км аз маркази ноҳия ҷойгир буда, дар ин муассисаи таълимӣ 390 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бинои таълимии мазкур аз 1 ошёна иборат буда, бо шароити муосир таъмин аст. Корҳои сохтмониро пудратчиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лоиҳаҳои меросӣ» аз охири соли 2021 оғоз намуда, бо сифати баланд ба анҷом расониданд. Маблағи умумии лоиҳаи бино 800 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Маъмурияти муассиса ҳадаф доранд ҳолати сарсабзии атрофи муассисаро таъмин намоянд ва зимни ташрифашон Сарвазири мамлакат низ саҳми худро бо иштирок намудан дар маъракаи ниҳолшинонӣ гузоштанд.
Дар саҳни бино ҳайати меҳмонон бо омузгорону хонандагон ва мардуми деҳа суҳбат оростанд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аҳли ин даргоҳро бо ифтитоҳи бинои нави таълимӣ шодбош гуфтанд. Зикр доштанд, ки роҳбарияти Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳоро бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил фароҳам меорад ва ҷавобан ба ин дастгириву ғамхориҳо аҳли мактаб бояд кӯшиш созанд, ки ҷараёни таълим хуб ва натиҷаҳо назаррас бошад.
Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода дар баробари табрику таҳният ҳамчунин фикру ақидаҳои худро дар мавриди вусъат бахшидани бунёдкориҳо, сохтмони иншооти соҳа баён доштанд.
Аҳли омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии рақами 51 аз ин туҳфаи арзишманд изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд.